Профессор Шарифов аз коронавирус вафот кард

Профессор Фазлиддин Шарипов, яке табибони машҳури шаҳри Хуҷанд, ҷарроҳи чашм (офталмолог), сартабиби собиқи бемористони вилоятии Суғд ва муассиси маркази ташхису табобати лазерии чашми «Карния” рӯзи 8 сентябр дар синни 60 аз олам чашм пӯшид. Профессор Шарипов рӯзҳои охир дар хона аз бемории коронавирус табобат мегирифт.

Хонаводаи Шариповҳо оилавӣ – худи ӯ, писар ва келинаш – духтури чашм буданд ва аз эҳтироми хосае дар Хуҷанд бархӯрдор буданд. Профессор Шарипов соли 2011 баъди тарки мақоми сардухтури бемористони вилоятӣ маркази хусусии «Карния”-ро таъсис дод.

Танҳо дар рӯзҳои истироҳат дар Хуҷанд дастикам 4 нафар қурбони коронавирус шудаанд.Аз ҷумла, табиби маркази назорати санитариву эпидемиологии вилояти Суғд Хайрулло Раҳматуллоев, муовини собиқи раиси шаҳри Хуҷанд Назокат Ёрматова ва як сокини 44-солаи Хуҷанд бо номи Маҳкамов аз коронавирус вафот кардаанд, Модари Маҳкамов феълан дар бахши реаниматсия қарор дорад.Дар умум то бегоҳи 7 сентябр дар бемористони вилоятии Суғд 117 бемор бо аломатҳои коронавирус бистарӣ шуда, 17 нафари онҳо дар ҳолати вазнин дар бахши реаниматсия қарор доштаанд. 4 сентябр Эргашев Зафарчон Алламуродович -сардори шуъбаи ичозатномадихии Хадамоти давлатии назорати нақлиёт вафот кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *