Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Прокуратураи ҳарбӣ кормандони “Тоҷикистон”-ро бозпурсӣ мекунад

Прокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе кормандони ҳафтаномаи “Тоҷикистон”-ро дар пайи мақолаи “Облава донишҷӯёнро ҳам ба хизмат мебарад” барои бозпурсӣ даъват кард.

Бахтовар Сафаров ва Фирдавс Сатторов кормандони ҳафтаномаи “Тоҷикистон”-ро санаи 23-юми октябри соли равон облава боздошт намуда, ба коммиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқол дода буд.

Дар заминаи ин қазия Яҳё Маҳмаднабиев, хабарнигори ҳафтаноми “Тоҷикистон” матлабе таҳти унвони “Облава донишҷӯёнро ҳам ба хизмат мебарад” нашр кард.

Облава: Донишҷӯёнро ҳам ба хизмат мебаранд (Аксҳо)

Баъди гузаштани се ҳафта субҳи имрӯз аз номи Ёрдамчии калони прокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, полковник Баротзода Қ.Ш. ба унвони кормандони мо даъватнома омад ва онҳо тақрибан як соат ба ин ниҳод баёнот доданд.

Бахтовар Сафаров мегӯяд: “Прокурор Баротзода Қ.Ш., ки моро бозпурсӣ кард ва баёнотамонро гирифт, хабар дод, ки боздошти ғайриқонунии шаҳрвандонро ниҳоди онҳо пайгирӣ мекунад ва дар ҳамин асос моро барои гирифтани баёнот даъват кардааст. Муносибати прокурор зимни гирифтани баёнот хуб буд ва нисбти мо зӯроварӣ нашудааст.”

Ба гуфти Бахтовар аз онҳо талаб шудааст, ки қазияи санаи 23-юми октябрро шарҳ диҳанд.

“Ман гуфтам, ки нахуст корманди техникиамон Фирдавс Сатторовро, ки донишҷӯст, дар яке аз хиёбонҳо боздошт карданд. Банда, ки ним баст кор мекунам ва донишҷӯ ҳастам барои омода кардани гузориш ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино рафтам. Дар он ҷо дастгоҳи сабти маро кашида гирифта, маро ҳам ба комссияи қабули наваскарон дароварданд”-мегӯяд Бахтовар.

Мушкилоти облава дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои доғ буда солҳои тӯлонист, ки роҳи ҳал намеёбад, балки шадидтар мешавад. Соли равон шахсони бемор, донишҷӯ ва ҳатто яккаписарҳоро ҳам аз кӯчаҳо бо зӯрӣ боздошт карда ба хизмати аскарӣ фиристоданд.

Коршиносон ин амали кормандони комиссариатҳои ҳарбиро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунанд ва ҳатто журналистони маъруф Сайёфи Мизроб ва Раҷаби Мирзо бо пахши як изҳорот истеъфои Шералӣ Мирзо вазири дифои кишварро талаб карданд.

“Облава” ба мо аз … Афғонистон омадааст

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.