Пул надиҳӣ, сурататро ба интернет мепартоям: Боздошти як ҷавон барои «шантаж»-и занон

Як ҷавони 25- солаи сокини Кушониён бо се ҷавонзани ноҳияи Деваштич робита барқарор намуда, бо ҳар роҳ аз онҳо расму навори ғайриахлоқӣ гирифтааст. Баъдан  таҳдид кардааст, ки дар ҳолати ба ӯ маблағ надодан ин расму наворро расонаӣ мекунад. Бо чунин шеваи кор ва бо роҳи “шантаж” онҳоро чун манбаи даромад истифода мекардааст.

Тавре сухангӯӣ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ иттилоъ медиҳад, Ҷалолзода Сафаралии 25-сола сокини ноҳияи Кӯшониён бо иттиҳоми тамаъҷӯйи аз се ҷавонзан, сокинони ноҳияи Деваштич боздошт гаштааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда тамаъҷӯйиро бо усули шантаж анҷом додааст. Боздоштшуда давоми соли ҷорӣ бо ҷавонзанҳо тавассути телефон шиносоӣ ва робита барқарор намуда, дар давраи муносибат бо роҳи фиреб акси онҳоро ба даст меорад.

Манбаъ мегӯяд, баъди ба даст овардани аксҳо ва дигар маълумоти шахсӣ, номбурда шарт мегузорад, ки агар минбаъд ҷавонзанҳо аксҳо ва навори урёни худро нафиристанд, маълумоти дар даст доштаашро расонаӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, барои ҷавонзанҳои деҳотии оиладор чунин таҳдиди беобрукунанда баробар бо марг буд ва бо умеди халосӣ ба шарти ӯ розӣ мешаванд, ки чунин корашон онҳоро дар назди гумонбаршуда бечоратар кардаву манбаи даромади ӯ мегарданд.

Боздоштшуда бо усули таҳдиди беобрукунӣ аз се ҷавонзани ноҳияи Деваштич беш аз 5 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

ВУД мегӯяд нисбат ба боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ин нахустин ҳолати тамаъҷӯйи бо чунин усул набуда, қаблан низ Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти ҷавони 24-сола, сокини шаҳри Истаравшан хабар дод, ки ба иттилои манбаъ бо таҳдиди паҳн намудани маълумоти беобрӯкунанда аз як зани 44-солаи ҳамшаҳрияш 400 ҳазор сомонӣ гирифтааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *