Путин: ба Убайдуллоев Ордени Дӯстӣ супорида шавад!

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин амр додааст, ки барои таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои Русия ва Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо Ордени Дӯстӣ сарфароз гардонда шавад.
Дар ин бора сомонаи расмии Кремл хабар додааст.
Ордени мазкурро Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федералии Русия 13-уми октябр дар Душанбе ба Убайдуллоев тақдим кардаст. Убайдуллоеви 64-сола, яке аз чеҳраҳои асосии сиёсии Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир мебошад, ки дар баробари роҳбарии парлумон давоми беш аз 19 соли охир шаҳрдории Душанберо низ ба уҳда дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *