Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рӯдакии Самадиро барои зардуштӣ буданаш куштанд ё пул?

Соати 8-и субҳи 4-уми июли соли 2001 шахсони ношинос собиқ роҳбари Анҷумани пажӯҳишӣ ва фарҳангии «Маздоясно», коргардони тоҷик Рӯдакии Самадиро ваҳшиёна ба қатл расониданд.

Сабаби қатли Рӯдакии Самадиро бо мансубияти диниаш рабт медоданд, чунки ӯ аз тарғибгарони таълимоти Зардушт ва ҷонибдорони эҳёи фарҳанги ориёӣ буд. Дар баробари ин, бархе аз шахсони огоҳ мегуфтанд, ки қатли ӯ ҷанбаи молӣ низ дошт. Дар рафти таҳқиқот кӯшиш намудем, ки дар мавриди омилҳои аслии қатли Рӯдакии Самадӣ рӯшанӣ андозем. Аз он замон то имрӯз вақти зиёд гузаштаасту маводи хело каме дар ин маврид мавҷуд аст, аммо ҳанӯз ҳам фарзияҳои зиёде гирди ин ҳодиса чарх мезананд.

Рӯдакии Самадӣ кист?

Рӯдакии Самадӣ (Самадов Рӯдакӣ Исматович) соли 1964 дар Душанбе ба дунё омада, хатмкардаи шуъбаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон аст. Соле чанд дар «Тоҷикфилм» ба сифати коргардон шуғл варзид. Як филми шашқисмӣ низ бо номи “Зардушт” бо ҳамдастии коргардон Восеъ Мӯсо  дар Тоҷикистон ва Эрон ба навор гирифтааст. Филмҳои мустанади ӯ чун «Растагор», «Маҳрам» аз ҷониби киношиносону тамошобинон хуш пазируфта шудаанд. Филми дигари ӯ «Кала бастани саҳоб» (истеҳсоли киноширкати «Синамо»), ки аз рӯзгори кӯдакони маъюбу бепарастор ҳикоят мекунад, низ шоистаи ёдоварист. Такрор ба такрор саҳнавӣ гаштани намоишномаи афсонавии Рӯдакии Самадӣ «Бешаи макр» (соли 1993 — театри «Аҳорун», коргардон Фаррух Қосимов, соли 1995 — Театри «Лӯхтак», коргардон Ибодулло Машрабов, соли 2000 – Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ, коргардон Баҳодур Миралибеков) далелест аз комёбии ӯ дар ин жанр.

4-уми июли соли 2001 аз ҷониби шахсони номаълум дар гулгашти гузаргоҳи пушти Маркази саломатии шаҳрии №1 (ҳоло Маркази саломатии шаҳрии №3) аз тарафи шахсони номаълум ба қатл расонида шуд.

Зимни таҳқиқот муайян гардид, ки нисбати ҳодиса бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишотро Прокуратураи ноҳияи Роҳи оҳан (ҳоло Шоҳмансур) ва Прокуратураи шаҳри Душанбе ба уҳда гирифтааст, вале сабабҳо ҳанӯз норавшан  ва гумонбарони ҷиноят то ҳол равшан ва дастгир нашудаанд.

Яке аз муфаттишони парванда, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, зикр намуд, ки аз рӯзи аввал парванда аз рӯи ду фарзия:  хусумати шахсӣ ва ақидаи динӣ таҳқиқ гардид. Ба таъкиди ӯ фарзияи наздиктар ин хусумати шахсӣ буд. Ӯ дар мавриди фарзияи пулӣ изҳорӣ бехабарӣ намуд ва гуфт, ки аз он замон хело вақт гузаштаасту бисёр чизҳоро фаромӯш кардааст.

Аммо ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова бар ин назар аст, ки пушти ин парванда ягон нафар ё сохторҳои алоҳида меистанд, ки бидуни таҳқиқи ҷиддӣ онро қатъ карданд.

Мавсуф дар муқоиса ба он ки имрӯз парвандаи он нафароне, ки солҳои 90-уми асри гузашта-замони ҷанги шаҳрвандӣ такроран боз гардида, ҷинояткорон ҷазои худро мебинанд, гуфт, ки бояд ин парванда низ пайгирӣ шавад ва ҷинояткорон ҷазои сазовори худро бинанд.

— Намешавад, ки гумонбар пайдо нашуд, гуфта парвандаро қатъ кунанд. Ҳоло он ки ин куштор аст ва дар Конститутсияи Тоҷикистон пайравӣ ба ин ё он дину мазҳаб озод буда, ҷиноят ба ҳисоб намеравад,- мегӯяд О. Бобоназарова.

Бобоназарова қайд намуд, ки касе ё сохторе дар мавриди қатъ намудани ин парванда манфиатдор буд. Ҳарчанд муайян буд, ки ӯ дар рӯзи равшан қатл гардидааст, дӯсту рафиқ дошт, хешону наздикон дошт ва ҳатман аз онҳо ягон маълумотро пайдо карда мешуд.  

Ӯ хитоб ба наздикони Рӯдакӣ Самадӣ гуфт, ки онҳо бояд барои кушодани ин парванда ба мақомоти қудратӣ ва ҳатто ба ташкилотҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон муроҷиат намоянд.

Дар ВКД ҳодисаи қатли Рӯдакӣ сабт нашудааст

Шурӯъ аз оғози тадқиқот ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои пешниҳоди маълумоти бештар оид ба қатли Рӯдакии Самадӣ мактуби расмӣ ирсол намудем. Баъди чанд рӯз бо имзои роҳбари Дастгоҳи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Машрабзода посух ворид гардид, ки «дар хусуси қатли шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ роҳбари Анҷумани фарҳангии «Маздоясно» Рӯдакӣ Самадов, ки моҳи июли соли 2001 ба вуқӯъ пайвастааст, аз ҷониби кормандони Маркази матбуоти ВКД ҳодисаи мазкур сабт нагардида, вобаста ба ин ҳолат дар бойгонии Маркази матбуоти ВКД мавод мавҷуд нест».

На қотилу на сабаби куштор 

Ҳамин тариқ, бо дархости расмӣ ба Прокуратари генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муроҷиат намудем. Баъди зиёда аз як моҳ 24. 07. 2019 №12/27-12н сол. бо имзои муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳ.Н. ба мо посух ворид гардид. Дар посухи мақомот гуфта шудааст, ки «4 июли соли 2001 соати 8:00 шахсони номаълум дар наздикии бинои 8 воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзода, гузаргоҳи 1-уми ноҳияи Роҳи оҳан (ҳозира Шоҳмансур) бо истифода аз силоҳи оташфишони таппончаи тамғаи «Макаров» ба қисмҳои гуногуни бадани шаҳрванди Тоҷикистон Самадов Рӯдакӣ Исматович паи ҳам се-чор тир парронда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 4 адад гилзаи тири 9 мм ёфта гирифта шуда, ҳангоми азназаргузаронии ҷасад аз ҷайбаш як адад китобчаи «Нурнома», аз ҳамёнаш бошад, 600 рубл ва 32 дирам дарёфт намуданд».

Иттилоъ дода шуд, ки оид ба ҳодисаи мазкур худи ҳамон рӯз аз ҷониби прокурори ноҳияи Роҳи оҳан бо аломатҳои моддаи 104 қисми 2 бандҳои «е,ж,з,л» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакии он ба муфаттиши прокуратураи ҳамин ноҳия супорида шудааст. Муфаттиш парвандаи ҷиноятиро ба пешбурди худ қабул намуда, пас аз гузаронидани як қатор ҳаракатҳои тафтишотӣ дар рафти он фарзияҳои аз рӯи хусумати динӣ, бинобар қарздорӣ, дар заминаи муноқишаи маишӣ ё дигар сабабҳо содир шудани куштори Самадов Р. И. санҷида шудаанд, вале новобаста аз гузаронидани чораҳои зарурии фаврӣ-тафтишотӣ ҷинояти мазкур нокушода монда, шахсони содирнамудаи он муайян карда нашудаанд. Аз ин рӯ, баъди гузаштани муҳлати думоҳаи муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, бинобар муайян карда нашудани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад дар пешбурд боздошааст.

Бинобар нопурра будани тафтишоти пешакӣ қарори мазкур аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе бекор карда шудааст. Тафтиши иловагии парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби муфаттиши Прокуратураи шаҳри Душанбе гузаронида шуда, пас аз анҷом додани як қатор амалҳои тафтишотӣ такроран бинобар муайян карда нашудани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад, парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурд боздошта шудаст.

Дар рафти омӯзиши такрории парвандаи ҷиноятӣ бинобар мавҷуд будани зарурати гузаронидани амалҳои иловагии тафтишотӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ қарори қабулнамудаи муфаттиши Прокуратураи шаҳри Душанбе, дар хусуси боздоштани тафтиши парвандаи ҷиноятӣ бекор намуда, парвандаи ҷиноятии мазкур барои идомаи тафтиши пешакӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол гардидааст.

Яъне, то ҳол дастандакорон ва сабабҳои аслии қатли Рӯдакии Самадӣ ба мақомоти тафтишотӣ маълум нест ва онҳо баъди ду маротиба гузаронидани тафтишот боз парвандаро барои гузаронидани тафтишоти такрорӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе, ки қаблан низ тафтиш намуда, чизеро пайдо накарда буд, вогузор намудаанд. Вале мо кӯшиш намудем, ки бо истифода аз шоҳидон ва нафароне, ки бо Рӯдакӣ ҳамкорӣ доштанд, сабаби қатли ӯро муайян кунем ва дар мавриди овозаҳое гирди қатли ӯ нуқта гузорем.

(Давом дорад)

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.