Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рӯзе меравам ва он рӯз бисёр наздик аст. Суҳбат бо Хуршед Мустафоев (видео)

Меҳмони навбатии барномаи интернетии “Корзина” ҳунарманди маъруфи бе унвон Хуршед Мустафоев буд, ки доир ба вазъи имрӯзи театр, сатҳи намоишномаҳо, омили аслии унвон нагирифтанаш, саҳнаҳои маҳрамона дар филмҳо ва танҳоиву нияти тарки Ватан карданаш суҳбат доштем.

Видеои суҳбати мазкурро дар YouTube канали pressa.tj тамошо кунед.

Коргардони нохуб, тамошобини иҷборӣ, сифати паст

— Шумо гуфтаед: “Театри тоҷик дар ҳоли сукут қарор дорад…” Дар ҷойи дигар мегӯед: “Мегӯянд, ки театр оинаи зиндагист. Ҳамин тавр ҳам ҳаст, аммо имрӯз оинаи мо беҷилост, инъикос намекунад…”

— Ҳамин суханҳоро ман гуфтаам?

— Бале.

— Маро “куштан” даркор…

— Чаро фикратон то имрӯз тағйир ёфт?

— Чанд сол пеш, дар ҳақиқат, театрҳои мо сукут карда буданд ва инро аз  ҷашнвораҳои “Парасту” мушоҳида кардан мумкин буд. Ҳамон вақт бисёр намоишномаҳо дар сатҳи паст қарор доштанд. Бинобар ин, гуфта будам, ки оинаи мо ҷило надорад. Баъдан, театрҳо сукутро шикастанд ва ба кор даромаданд, намоишнома пайи намоишнома гузоштанд, вале, мутаассифона, шумора зиёд шуду сифат паст. Барои инъикосгар шудани театрҳоямон бояд сифати намоишномаҳоро беҳтар кунем. Бояд коре кунем, ки тамошобин моро зӯр гӯяд. Мо ҳоло танҳо худамон худамонро зӯр мегӯем. Театри Лоҳутӣ мегӯяд, мо зӯрем, Маяковский мегӯяд, мо зӯрем Ҷавонон мегӯяд, мо зӯрем Опера ва балет мегӯяд, мо зӯрем… Вале ин беҳуда аст…

 —  Шумо дигар театрҳо меравед, агар ҳа, охирин маротиба ба кадом театр рафта будед ва кадом намоишномаро дидед?

— Бале, меравам. Кушодашавии мавсими нави театри Лоҳутӣ рафта будам ва намоишномаи “Фирдавсӣ”-ро тамошо кардам.

— Дуруст аст, ки то имрӯз ҳар нақше, ки дар театр бозидаед, нақши асосӣ буд?

— Бале, қариб ҳамаи нақшҳои офаридаи ман дар театр марказиянд.

— Се мушкилоти театри мо кадом аст?

— Коргардони хуб надорем, тамошобинонамон иҷбориянд, аз сифат дида, ба шумора таваҷҷуҳ мекунем.

Унвон барои ҳунар не, барои ном аст

Видеои суҳбати мазкурро инҷо бинед

— Шумо гуфтаед, ки ба ман унвони «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» надоданд, ба хотири насабам…

— Ба ман гуфтанд, ки барои унвони “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”-ро гирифтан бояд ному насабамро тоҷикӣ кунам. Дар аввал ивазкунии ному насабамро кори осон пиндоштам, вале вақте ки аз пайи ин кор шудам, он қадар давонданам, ки ногуфтанӣ. Дар аввал, аз ман шаҳодатномаи оиладоршавии волидонамро талаб карданд, чун волидонам аз ҳам ҷудо шудаанд, гуфтам, ки онҳо никоҳи расмӣ надоштанд, танҳо бо никоҳи исломӣ мезистанд, аммо… боз гуфтанд, ки бояд ному насаби шумо фалон тавр бошад, пасон ҳисобу китоб карда, дидам, ки 5-6 ҳазор сомонӣ сарф мешавад.  Ҳамин тавр, аз баҳри унвон гузаштам ва гуфтам, ки унвонро барои ҳунарам медиҳед ё ном, агар барои номам диҳед, ман аз баҳри чунин унвон гузаштам.

Ман хуб дар ёд дорам, солҳои пеш ҳунармандонро барои дар нақши асосӣ хуб бозӣ карданашон унвон медоданд, аммо ҳоло ин тамоман нест. Барои мисол, ҳамин Мавлона Наҷмиддинова, ки ҳам дар театри тоҷикӣ ва ҳам русӣ қариб дар 40  намоиш дар нақши асосӣ бозӣ кардааст ва дар филмҳо ҳам муваффақ аст, аммо вақте ки барои унвон гирифтанаш талаб карданд, ки ному насабашро тоҷикӣ кунад, розӣ нашуд. Гуфт, ки ман шавҳар надорам, се фарзанд дорам ва пули зиёдатӣ надорам, ки барои иваз кардани ному насабам сарф кунам. Ҳоло на танҳо ману Мавлона, балки Моҳпайкар Ёрова, Қамариддин Мирзоев, Димитрий  Мурзинов… унвон надоранд?

-Шумо асабӣ шудед. Оё ин ҳолататон барои ба даст наовардани унвон аст?

— Не, ман аз 40 гузаштам. Ҳоло дар синну соле ҳастам, ки дигар унвон намехоҳам, вақте дар фикри унвон будам, унвонам надоданд.  Унвонро ба ҷавонон бояд дод, ки дилгарм шаванд, зеро маоши театр кам аст ва агар оиладор шаванд, аробаи зиндагияшонро кашида наметавонанд. Ба онҳо дилгармие бояд дод, то ки бимонанд, зеро бештари онҳо корро партофта мераванд ва касе намемонад. Ин моем, ки сарамонро сафед карда, театр гуфта нишастаем.

Зидди саҳнаҳои маҳрамона ҳастам

— Замоне силсилафилме бо номи “Ширин” ба экранҳо баромад ва бисёр овозадор ҳам шуд. Шумо дар он филм иҷрокунандаи яке аз нақшҳои асосӣ будед. Бигӯед, ки чӣ тавр дар аввалин филм ба шумо нақши марказиро доданд?

— Дар Театри ҷавонон кастинг эълон карданд ва маро даъват намуданд. То ҷое медонам, дар нақши Мирзо аз театри Кӯлоб як ҳунарпешаи дигарро интихоб карда буданд ва вақте ки ман омадам, коргардон гуфт, ки шин, ба гулҳо нигоҳ кун ва зиқ шаву аз зиндагӣ гиламанд шав. Сабт карданд ва пас аз он гуфтанд, ки шумо нақши марказиро иҷро мекунед. 

-Дар филми “Вақте ки болои шаҳр борон меборид…” нақш офаридаед ва дар он ду лаҳзаи маҳрамона ҷой дорад, чӣ гуна шумо он нақшро қабул кардед?

— Аслан ба мо коргардон аз ҷойгир будани чунин саҳнаҳо нагуфта буд. Вақте ки саҳнаи аввалро дар даруни мошин бояд ба навор мегирифтем, ба мо гуфт, ки саҳнаи бӯсобӯсӣ аст ва ташвиш накашед ин ҷойи филмро дар Тоҷикистон нишон намедиҳем ва ба Русия бурда, кори дипломиамро ҳимоя мекунам. Ман гуфтам, ки агар Дилбар не нагӯяд, ман не гӯям, айб мешавад, зеро ман мардам… Ҳамин хел мо ду саҳнаро гирифтем. Вале вақте ки дар Кохи Ҷомӣ нахустнамоиш карданд, худам дар экрани калон он саҳнаҳоро дида, шокӣ шудам.

— Ба фикри шумо дар синамои мо будани чунин саҳнаҳо хуб аст ё не?

— Ман фикр мекунам, ки будани чунин саҳнаҳо шарт нест, зеро мо тоҷикем ва пеш аз ҳама, мусалмонем…

— Чанд дублӣ гирифта будед он саҳнаҳоро?

— Саҳнаи даруни мошинро 3 дубл гирифтем ва аз даруни палатаро 1 маротиба. 

Танҳоӣ ва ноилоҷӣ

— Шумо дар як мусоҳиба гуфтед: “Ман аз бонуи пештараам, ки 8 сол якҷоя будем, дӯстона ҷудо шудам ва ҳоло дӯстдошта дораму дар нақша оиладорӣ ҳаст” Аммо дар ҷойи дигар гуфтед: “Ман эҳсос мекунам, ки то охир ҳамин хел танҳо мемонам, чун ба танҳоӣ одат кардаам. Наметавонам зиндагиамро бо нафари дигар пайвандам”. Инро мо чӣ гуна фаҳмем?

— Ба маъное ки дӯстдошта дорам, аммо ҳамчун зану шавҳар зиндагӣ намекунем. Ман ҳис мекунам, ки зиндагиямро дар танҳоӣ ба итмом мерасонам ва бовар кунед, ҳисси ман ҳеҷ гоҳ фиребам надодааст.

— Дар ҷойи дигар шумо гуфтаед: “Бо маоши театрии ман оиладор шудан ва таъмин кардани хона ғайриимкон аст. Вақте оиладор мешавам, бояд театрро раҳо кунам ва ба кори дигар гузарам”.

— Ҳамин аст сабаби асосии оиладор нашуданам. Яъне, маоше, ки аз театр мегирам, пурра ба иҷорапулиям медиҳам. Маблағе, ки аз дубляж ё филму рекламаҳо мегирам, барои хӯроку либос сарф мекунам. Ман чанд маротиба ба фикре омадам, ки театрро партофта, аз пушти зиндагиям шавам, аммо баъд ба фаҳмише расидам, ки театр зиндагии ман аст.

— Фарз кардем, ки шумо оиладор шудед ва кори театрро партофтед, чӣ кор аз дастатон меояд?

— Фурӯшандагӣ карда наметавонам, зеро дилсӯзам ва муфлис мешавам. Ман нон пухта метавонам ва ҳатто ин корро бисёр хуб иҷро мекунам. 

Ҳар рӯз фикри рафтанро мекунам

— Ба фикри шумо бо ҳунар, умр ва “карера”-е, ки доред дар дигар давлат мебудед, чӣ медоштед?

— Ҳама чиз. Ҳозирам Худоро шукр ҳама чиз дорам, аммо дар дигар ҷо мебудам, дучанд медоштам.

— Ягон бор фикри рафтанро кардаед?

— Ҳар рӯз фикр мекунам. Аслан ман ҳар сол мегӯям, ки ман меравам ва як рӯзе меравам, он рӯз бисёр наздик аст.

— Агар имрӯз охирин рӯзи умратон бошад, чӣ кор мекунед?

— Назди модарам меравам ва аз ӯ бахшиш мепурсидам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj