Рӯзгори ҳамсар ва се фарзанди Шерафган пас аз худкушии ӯ (Видео)

Пайвандони Шерафган мегӯянд, ки рӯзи 26-уми октябр ӯ худро кушту пас аз ду рӯз ба картаи бонкии ӯ пул гузашт.

Шом наздик буд. Ба ҳавлии бибии модарии Шерафган, ҷавоне, ки худро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе парронд, омадем. Ҳамсояҳо ва пайвандони марҳум дар атрофи модари сарсахт ва хоҳару бародари ягонаи ӯ ҷамъ омада буданд. Меҳринисо, модари  Шерафган, ки фарзанди калони худро чанд рӯз пеш ба роҳи охират гусел намуд, бо ҳасрат мегӯяд: «Ман се фарзандамро бепадар калон кардам. Ҳеҷ гоҳ андеша надоштам, ки Шерафган ба чунин амал даст мезанад. Намедонам, се кӯдаки хурдсоли ӯро ба куҷо барам? Худам ҳам ҳамроҳи писари хурдӣ ва кӯдакони ӯ иҷоранишинам”. 

Ҳоло писари хурдии Шерафган Ёсин бемор аст ва аз оғӯши модараш дур шудан намехоҳад. Гӯё  фаҳмидааст, ки минбаъд дар ин дунё ягона такягоҳаш ҳамин модари ҷавонаш мондааст. Шерафган зиндагии камбғалона дошт, вале дар байни аҳли оила худро хушбахт меҳисобид. Идигул, ҳамсари ӯ мегӯяд: “Шавҳарам дилсӯз буд ва фарзандонашро хеле дӯст медошт. Вақте ки ин хабари шумро шунидам, осмон ба сарам чаппа шуд…”

Маҳина ягона хоҳари Шерафган, ки он рӯз ӯ низ аз бародараш паёмак гирифта буд, мегӯяд: “Ба ман ҳам бародарам ҳамон рӯз як паёмаки кутоҳе фиристода  навиштааст, ки акнун фарзандони ман ба  умеди ту…Охир мани сиёҳбахт ҳам онҳоро ба куҷо барам?”

Умед, бародари ягонаи Шерафган бошад, худ дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мондааст. Ӯ мегӯяд: “Мо бепадар калон шудем, ба ҳамдигар хеле меҳрубон будем. То метавонистем, ҳамдигарро дастгирӣ мекардем. Ман, агар имкон медоштаму роҳҳо боз мебуданд, ба Русия рафта, барои хор нашудани зану фарзандони акаам ҳама корро мекардам. Аммо бинед, ки аҳвол чӣ гуна аст. Акнун намедонам мани бекор чӣ кор кунам… Гуфтанд, ки пули Шерафганро пурра дода будаанд. Аммо Шерафган рӯзи 26-уми октябр худро кушту пул ба картаи ӯ рӯзи 28 октябр гузашт. Ману янгаам барои гирифтани пули охирини бародарам ба бонк рафтем. Гуфтанд, ки барои гирифтани он хати вафот лозим аст. Азбаски фарзанди хурдии Шерафган бемор буд, баргашта омадем. Ягона орзуи ман имрӯз ҳамин аст, ки ин тифлакони бародари номуродам дар кӯча намонанд…” 

Ҳоло дар мавриди он ки гӯё Шерафган, падари ин тифлакони бегуноҳ ва ин зани муштипар ба қаллобӣ машғул будааст, сару садоҳо зиёданд ва  Прокуратураи нақлиёти кишвар ҳам ин маълумотро тасдиқ кардааст. Аммо саволе ба миён меояд, ки чаро ин парвандаҳо нисбати Шерафган баъд аз марги ӯ ва баъд аз он ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ корбарон аз масъулини  Фурудгоҳ хоҳиш намуданд, ки ба фарзандони бесарпаноҳи ӯ сарпаноҳе диҳанд, пайдо шуд? Аммо ҳатто агар Шерафган гуноҳе ҳам дошта бошад, магар кӯдакони сағирмондаи ӯ ва зани дар кӯчаи зиндагӣ ҳайронаш чӣ гуноҳе доранд, ки ҳаққи ғамхориро надошта бошанд?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *