Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рӯзи Президент: Барои мардуми кишвар ҷашни ин рӯз аз чӣ дарак медиҳад?

Соли панҷум аст, ки 16 ноябр  дар Тоҷикистон ҳамчун  Рӯзи Президент таҷлил мегардад. Дар ин рӯз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омадааст. Барои мардуми кишвар ҷашни  ин рӯз аз чӣ дарак медиҳад? “Тоҷикистон” назари шахсиятҳои гуногуни  кишварро пешниҳоди хонандагон мегардонад.

Кароматулло Мирзо,

Нависандаи халқии Тоҷикистон:

-16 ноябр дар ҳаёти миллати тоҷик рӯзи пурфайзу футуҳ аст. Албатта, ҳар рӯз хосиятҳои худро дорад. Аммо  таҷлили ин рӯз дигар аст. Дар рӯзҳое, ки оташи ҷанги бемаънии байниҳамдигарии тоҷикон дар Тоҷикистон аланга мегирифт, 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоби вилояти Суғд баргузор гашт. Масъалаи асосӣ- фурӯ нишондани ҷанги хонумонсӯз буд. Ҳамин иҷлосия дар тақдири миллат нақше гузошт, ки он бо хатҳои заррин ба таърихи миллат ворид гашта, нақши фаромӯшношуданӣ-нақши зиндагии нав, сулҳу салоҳ, хомӯш гаштани оташи ҷанг дар Тоҷикистонро ифода мекард. Дар ҳамон рӯзҳо гӯё дар осмони Тоҷикистон аз паси абрҳо равшанӣ-офтоб рух намуд. Он рӯшноӣ, нурҳои он офтоб сар то сари Ватанро фаро гирифт. Дар ин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гаштанд. Эмомалӣ Раҳмон назди Парчами Тоҷикистон сари таъзим фуруд оварда, Парчамро ба дидагон молида, савганд ёд карданд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меоранд, гурезагонро ба Ватан бармегардонанд. Ба он ваъдаҳои додаашон вафо карданд, ки мо имрӯз шоҳиди онем.

Ҳайдар Одиназода,

ректори ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ:

-Барои мардуми тоҷик таҷлили ин санаи муборак аз ҳувияти миллию ватанхоҳӣ дарак медиҳад. Дарвоқеъ, мақоми арзандаи Пешвои миллат ин як амри таърихиест, ки барои хизматҳои бузургу мондагори Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи саодати миллӣ ба миён омад.  

Заҳмату талоши эшон дар ҷодаи нангу номуси миллӣ самараи нек ба бор овард, ки натиҷаю ҳосили ширину болаззати онро имрӯз ҳар як сокини мамлакат мечашад. Таърих гувоҳ аст, ки тамоми дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ва барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ то навсозиву бунёдкориҳои азим, аз қабили иншооти бузурги аср НБО “Роғун”, НБО “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, нақбҳои “Истиқлол”, “Хатлон”, “Озодӣ”, “Шаҳристон”, роҳи оҳани Душанбе-Бохтар, Бохтар-Кӯлоб, пулҳои байналмиллалӣ дар дарёи Панҷ, хатҳои интиқоли барқ, бунёди корхонаҳои зиёди саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва садҳо иншооти замонавии дорои таъиноти гуногун, ки дар маҷмӯъ, ба беҳбуди рӯзгори мардум ва рушди тафаккури миллӣ мусоидат мекунад, ба кору пайкор ва номи Пешвои миллат пайванд мехӯранд.

Абдуғанӣ Мамадазимов,

директори Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон:

-Санаи 16 ноябрро мо бояд чун «Рӯзи Президент» на ҷашни шахсии Президент ҳамчун арзиши ҳокимияти олӣ, дар баробари Рӯзи Парчами миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва ғайраҳо қайд кунем.

Эҳтироми арзишҳои олии миллӣ дар аксари кишварҳо решаи амиқ дорад, мисоли рӯшани он: Амрико ва Фаронса. Аз ин рӯ, гузоштани хати ҷудо байни эҳтироми нақши Президент ҳамчун рамзи ҳокимияти олии низоми ҷумҳуриявӣ бидуни таърифкунӣ чун дар замони ҳукмронии амирони Бухоро мушкил аст. Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон чун қисми ҷудонашавандаи ҷамъияти  сиёсӣ ва фарҳангии кишвар буда, аллакай дар афкори ҷамъиятии муосири тоҷик амиқ ҷой гирифтааст.

Ин дар ҳақиқат бойгарии миллии Тоҷикистони муосир аст, ки набояд ба «ботлоқ»-и суханони хушомадгӯён ғарқ шавад. Умедворам, ки дар оянда низ эҳтироми Президенти кишвар ҷиддӣ, бидуни хушомадгӯии беҳуда ва бо эътибори шаъну шарафи ҳамаи шаҳрвандони кишвари соҳибихтиёр бо роҳбарии Пешвои миллат хоҳад буд.

Руқия Қурбонова,

раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ:

— Мардуми тоҷикро беҳуда фарҳангпарвар намегӯянд. Ин мардум  дар айёми хеле сахту сангин, вақте оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад ва давлату миллати куҳанбунёди мо дар вартаи нобудшавӣ қарор доштанд,  ҷавонмарди 40-соларо роҳбари худ баргузид. Зеро ин мард бо  лаҳни бурро ва самимӣ, симои баҳодурона, донишу маҳорат ва фарҳанги волои худ дар дили ин мардум шуълаи умеду боварӣ  афрӯхта буд. Бисёриҳо дар он айём дар ғами ҷони худу сарнавишти худ буданд ва аз пеши пои худ дуртарро намедиданд. Вале  нигоҳи ин мард  ба дуриҳо, ба ояндаи ин халқ ва ин сарзамин дӯхта шуда буд.

Ин мард ба боварии мардуми худ садчанд бештар сазовор гашт.

Аввалин нияту мақсаде, ки аз рӯзҳои нахустин Сарвари давлат дар назди худ гузоштанд, — ин хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба манзилҳои худ баргардонидани гурезаҳо буд. Тасаввур кунед, чӣ қадар душвор буд, гуфтушунидҳо, сафарҳо ба манотиқи хафнок, гузашт карданҳо, авфу бахшиш, ба мансабҳои давлатӣ таъин кардани силоҳбадастони собиқ – ҳамаи ин осон набуд, вале Ҷаноби Олӣ ба хотири сулҳу салоҳ ва ҳаёти осоиштаи мардуми худ ба ин роҳ рафтанд ва хато накарданд, пирӯз шуданд, балки ҳамаи мо пирӯз ва хушрӯз гардидем.

Рустам  Ҳайдаров,

доктори илмҳои фалсафа:

-Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шермарди даврони худ ба низоъи  шаҳрвандӣ хотима бахшида,  сохти конститутсиониро дар кишвар барқарор гардониданд. Вақте ки ӯ ҳамчун сулҳофар ба сӯи  мухолифини сиёсии миллати мо дасти дӯстӣ дароз карданд, пеша аз ҳама, манфиатҳои миллии  моро, ояндаи ҳамватанони  худро дар пеши назар доштанд… Пешвои миллат нагузоштанд, ки миллати тоҷик сархаму пароканда бошад. Хислату тафаккури адолатпарастона ҳидоят мекард, ки  пайваста дар андешаи наҷоти Ватан  аз вартаи ҷанг бошанд…

Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб дарк мекарданд, ки мо давлати хурд,  аммо  миллати бузургем…. Мо — тоҷикон, дар таърихи худ ба касе душманӣ надоштему ҷангҷӯ набудем.  Дар  фарҳанги мо, дар ҳофизаи таърихи мо  афкоре аз ҷангу низоъ набуд, нест  ва нахоҳад буд. Лекин агар душман  ба сари мо ояд,  таслим нахоҳем шуд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj