Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рӯзи тавлидат муборак, Пешвои тоҷикон

Пешво худ бесабаб ин сон нагашта мӯътабар,

З-эътиқоди халқ ӯро эътимод ояд бадар.

Зодаи он модаре буд, бар Худо зери назар,

Бо дуои неки пирону таманнои падар.

Саҷдаҳо орад ба нону обу халқу кишвараш,

Фикри ӯ осудагии мардумаш шому саҳар.

Обрӯи миллати тоҷикро кард ӯ дучанд,  

Бохабар з-ӯ Созмони омии аҳли башар.

Ҷон ба ҷони мардумаш пайванд бошад рӯзу шаб,

Дар ҳақаш дорад дуъо ҳар хонадону ҳар нафар.

Ҳикмати фарҳанги бегона хурофот оварад,

Гуфтаӣ илму амал боло бувад аз симу зар.

Ҷилвагар хуш сурату симою қадду қоматаш,

Гашта ӯ бар мардуми тоҷик ҳаме шамсу қамар.

Ҳастии ӯ пойдории тамоми кишвар аст,

Шаҳсутуни давлату миллат бувад амн аз хатар.

Рӯзи тавлидат муборак, Пешвои тоҷикон,

Тоҷи давлат ҳастию бар халқи тоҷик тоҷи сар.

Ин сана бигзор бошад рӯзи неки тоҷикон,

Дӯстони ҷонӣ мон донад, Ниҳонӣ, ин хабар.

Ниҳонӣ

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.