Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Душанбе қабл аз сафари Шавкат Мирзиёев

Шоми 19–уми май дар толори кинотеатри «Ватан» Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Дар чорабинии мазкур директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён, директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов ва ҳайати ҳунармандон, киносозон ва рӯзноманигорони ҳарду кишвар иштирок варзиданд. Инчунин, сокинони шаҳри Душанбе низ ба тамошои филм омада буданд.

Нахуст дар саҳни кинотеатр баҳри пешвоз ва фароғати меҳмонон гурӯҳи навозандагон мусиқиҳои шӯху ҷаззоби ду кишварро навохтанд. Ансамбли рақсии “Падида” бошад, бо тамоми ҳунар зери ҳавои ин оҳангҳо рақсиданд. Баъдан бо садои карнайу сурнай ҳайати меҳмонон ва ҷамъомадагон аз роҳрави сурх гузашта, бо буридани лентаи рамзӣ вориди кинотеатр шуданд.

Ҳозирин дар ҳамин толоро ҷойгир шуданд ва ровиён бо се забон: тоҷикӣ, русӣ, ва ӯзбекӣ Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистонро кушода гуфта эълон карданд. Дар оғози ҷорабинӣ директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён суханронӣ намуда, меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз таърихи робитаи дӯстии чандинасраи тоҷику ӯзбек ёдоварӣ кард.

Мавсуф қайд кард, ки дӯстию рафоқати ин ду миллат таърихи пурғановат дошта, аз гузаштаҳои дур сарчашма мегиранд, ки намунаи барҷастаи он муносибатҳои дӯстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва шогирди ӯ Алишер Навоӣ мебошад. Маҳмадсаид Шоҳиён чанд порча аз шеърҳои классикони тоҷикро дар васфи дӯстӣ бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ қироат карда, инчунин дар давоми суханаш таъкид намуд, ки муносибатҳои фарҳангии ду кишвар дар замони шӯравӣ низ мустаҳкам буданд ва дар замони истиқлол баъди чанд соли танаффус бо ташаббусҳои некбинонаи сарони ду давлат барқарор шуданд ва имрӯз дар ҳоли рушди дубора қарор доранд.

Ӯ ҳамкориҳои ҳунармандон, махсусан соҳаи филмофариро басо судманд арзёбӣ карда, таъкид кард, ки Тоҷикистон дорои манзараҳои дилфиреб ва истеъдодҳои нотакрори ҳунарӣ мебошад. Дар оянда ба навор гирифтани филмҳои муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рушди муносбатҳои дуҷониба саҳми босазое хоҳад гузошт.

Дар навбати худ директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов аз пазироии гарму пурмеҳри бародарони тоҷик миннатдорӣ карда, баргузории Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистонро фоли нек дар муносибатҳои бародаронаи ду миллат донист. Ӯ зикр кард, ки Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон низ баргузор хоҳад шуд ва ин барои ҳамкории дутарафаи давлатҳои дӯст заминаи бузурге мегузорад. Фирдавс Абдухолиқов аз таассуроти хеш зимни тамошои шаҳри Душанбе бо эҳсос ҳарф зад. Ӯ гуфт, ки ба ин шаҳр замони донишҷӯйиаш, ҳанӯз сӣ сол пеш омада буд ва инак бо гузашти ин муддат дубора аз Душанбе дидан кард ва аз тавъамии биноҳои кӯҳна ва нави шаҳр, ҳусни гулгашт ва хиёбонҳои тозаву озода ба ваҷд омад.

Ҳайати меҳмонон, иборат аз ҳунармандон, киносозон ва рӯзноманигорон низ рӯи саҳна омаданд ва яке аз ҳунарпешагони Ӯзбекистон аз минбар суханронӣ кард. Ӯ низ дӯстиву бародарии ду миллатро васфу ситоиш карда, дар охир чанд порча аз достони “Ҷони ширин” – и устод Мирзо Турсунзода қироат намуд. Ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ширкати ватании “Сиёма” бахшида шуд. Баъдан чанде аз сурудҳои машҳури сарояндагони тоҷику ӯзбек суруда шуд. Дар интиҳои чорабинӣ филми ҳунарии “Илҳоқ” – и коргардон Ҷаҳонгир Ахмедов (“Ӯзбекфилм” с.2020) баҳри ҳозирин ба намоиш гузошта шуд.

Филми мазкур зиёда аз ду соат давом карда, инъикосгари рӯзгор ва фаъолияти занҳои ӯзбек дар даврони Ҷанги бузурги Ватанӣ мебошад. Инчунин чанд саҳна аз корнамоиҳои қаҳрамонони асосии филм дар сафи пеши фронт қаҳрамониҳои фиристодагони Ӯзбекистонро дар ҷанг ифода мекард. Дар филми “Илҳоқ” бузургии занеро нишон доданд, ки панҷ писарашро бепадар ба воя расонид ва замони ҷанг онҳоро паси ҳам ба фронт гусел кард “хати сиёҳ” – и ҳар як фарзандашро мардонавор таҳаммул кард. Инчунин, занҳои фарзандонаш, ки ҳатто пас аз марги онҳо содиқ монданд ва бо фарзандони худ дар бари ин зан буданд, бисёр барҷаста нишон дода шудааст. Новобаста ба мушкилиҳои сангини даврони ҷанг ин занҳо дар хати ақибгоҳ фаъолият карданд ва барои ғалабаи давлати шӯравӣ саҳм гузоштанд. Вале модар то охирин нафас ёди панҷ фарзанди ҷавонрафтааш мекард.

Мазорати баланди филмофарӣ, сенарияи пурмуҳтаво ва ҳунари асили ҳунармандони ӯзбек тамошобинонро ба ваҷд овард ва ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки аз нисфи филм хеста равад. Гарчанде ки он қариб то соати ёздаҳи шаб давом кард. Баъди фарҷоми филм аҳли толор бо қарсакҳои баланд ва давомдори худ ба офарандагони филм аҳсану офарин хонданд ва бо меҳмонон аксҳои хотиравӣ гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон аз 19 то 22 – юми май дар кинотеатри “Ватан”, кинотеатри ба номи Т.Собирови МД “Тоҷикфилм” ва кинотеатри “Зебуниссо” баргузор мешаванд ва дар доираи он 3 филми ҳунарӣ – “Илҳоқ”, “Исёни арӯсон” ва “Хобҳои беранг”, 3 филми мустанад – “Посдори иттиҳод”, “Қалби мардум”, ва “Зери самои ягона” ва як филми тасвирии “Сандуқи сеҳрнок” манзури алоқамандони синамо гардонида мешаванд.

Шодмон Кенҷаев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *