Рӯзи духтурон: Чаро мардум аз кори духтурон розӣ нестанд? (Видео)

Ҳар сол 18 август дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи пизишкон ва кормандони дигари соҳаи тиб таҷлил мешавад. Имсол ин ид дар ҳоле фаро расид, ки аз эътирофи расмии мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон тақрибан чаҳор моҳ мегузарад ва дар ин марҳила табибон дар сафи пеши мубориза бо бемории ҳамагир ҳастанд.

Аз онҳое, ки замоне «мутахассисони бепарво» ва «оне, ки бе пул ҳеҷ кор намекунад» ном бурда мешуд, ҳоло ба унвони «фариштаҳои наҷот», «азхудгузаштаҳо» ва «пешмаргҳои мубориза бо COVID-19» ситоиш мешавад. Дар ин муддат чанде аз пизишкон низ ҷони худро аз даст доданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори пурраи пизишконеро, ки дар замони пандемия ҷони худро аз даст доданд, нашр накардааст. Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти хабарии моҳи июл гуфт, «фавти табибон дар раванди табобат сабт нашуд».
Бо ин ҳол, раёсати тандурустии вилояти Хатлон тасдиқ кард, ки зиёда аз 300 корманди соҳаи тандурустии вилоят гирифтори “илтиҳоби шуш” шуданд ва 26 нафари онҳо фавтиданд. Сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд гуфт, марги 3 табиби минтақа аз бемории COVID-19 расман сабт шудааст.

Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар оғози моҳи июн бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ гуфта буд, аз замони паҳншавии бемории ҳамагир то он дам беш аз 1700 корманди тиббии Тоҷикистон (619 пизишк ва 548 ҳамшираи шафқат) ба коронавируси нав мубтало шудаанд. Сабаби асосӣ «камбуди таҳҷизоти муҳофизати шахсӣ, ба вижа дар рӯзҳои аввали паҳншавии беморӣ» гуфта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *