Рӯзномаҳо аз байн мераванд? Дурнамои журналистикаи тоҷик аз дидгоҳи Ҷовид Муқим (видео)

Профессор Ҷовид Муқим, яке аз журналистони маъруфи кишвар ва устоди факултети журналистика 60-сола шуд. Номбурда, дар барномаи “Корзина”-и YouTube-канали pressa tj дар мавриди вазъи журналистика, сатҳи дониши журналистшавандаҳо ва ояндаи матбуот изҳори андеша кард.

Нигоҳи аввал

Тоҷикистонро сидқан  дӯст медорам

-Шумо 60-сола шудед, як журналист, муаллим, муҳаққиқ, публитсист ва нависанда дар 60-солагӣ чӣ фикр мекунад?

-Фикр мекунам, ки дар ин 60 сол чӣ кор кардам? Оё коре кардам, ки барои ҷомеа фоидаовар буд ва ё умрам беҳуда гузашт? Лекин 60 сол чуноне гузашт, ки нафаҳмида мондам.

-Устод, шумо гуфтаед: “Борҳо сангам заданд, ноҳақ шиканҷаам доданд, бадгӯӣ карданд, вале ман аксуламал нишон надодам. Ҳамеша бадхоҳонро ба Худо супоридам”. Кӣ ҳастанд онҳо?

-Дар ҳаёти ман чунин воқеаҳо зиёд буданд, зеро дар ҳама давру замон бадхоҳон буданду ҳастанд. Метарсанд, ки ҷояшонро, вазифаашонро касе мегирад, зеро медонанд, ки заифанд. Ман номҳояшонро ин ҷо рӯйрост намегӯям… Беҳтараш дар ин бора ҳарф назанем.

-Шумо гуфтаед: “Ман дар Тоҷикистон зиндагӣ дорам ва он Ватани азизи ман аст. Ватан бароям сухани одӣ нест. Он баробар ба Модар, нангу номус аст”. Ба фикри худатон нафароне, ки навиштаҳои шуморо мехонанд, ба ин суханатон бовар мекунанд?

-Касе бовар намекунад, проблемаи ӯст. Ман сидқан гуфтам ва ҳамеша ба гуфтаҳоям ҷавоб мегӯям.

-“Мо хушбахти ҷаҳонем” ба шумо ягон паёмади манфӣ дошт?

-Не, зеро матлабест, ки дар асоси санаду далел навиштам. Масалан, мо вақте ки бегоҳ барқамон меояд шукр мекунем, пагоҳ офтоб мебарояд, шукр мекунем, барномаи “Ахбор” тамошо мекунем, шукр мекунем. Яъне, ҳама кори мо шукр кардан аст…

-Агар имкон пайдо шавад, ки дар дигар кишвар кору зиндагӣ кунед, меравед?

-Не. Ман дар дигар ҷо зиндагӣ карда наметавонам. Боз мегӯям, ман ҳамин ҷо таваллуд шудаам, ҳамин ҷо зиндагӣ мекунем ва ҳамин ҷо мемирам.

Нигоҳи дуюм

ШОГИРДИ “ТЕЗПАЗАК”  НАДОРАМ

-Устод, шумо навиштаед: “Падарам, ки азоби муаллимиро хуб медонистанд, намехостанд, ки ман ҳам ӯ омӯзгор шавам”. Чаро боз муаллим шудед?

-Ҳеҷ вақт дар орзуву хаёлам набуд, ки ман муаллим мешавам, агарчӣ ҳангоми аъло хатм кардани факултети журналистика роҳхат ба аспирантура доштам. Устоди шодравон Асадулло Саъдуллоев ва дӯсту ҳамсабақонам Саъдулло Ҳайдарӣ, Маҳмуд Шоев ва Сангин Гулов ҳар вақте ки бо ман вомехӯрданд, таъкид мекарданд, ки унвонҷӯ шавам. Баъди оне, ки муаллим шудам, дарк кардан, ки муаллимӣ дар хуни ман аст ва бояд ҳар он чизе, ки омӯхтам ба дигарон диҳам, вагарна чӣ даркор аст чунин зиндагӣ…

-Дар ҳамин солу рӯз, ки бачаҳо бисёр танбаланд, тасодуфиҳо зиёданд, “тағобоз”-ҳо ҳисоб надоранд, муаллим будан осон нест. Чӣ қувваест, ки шуморо аз ин роҳ намегардонад?

-Барои муаллими воқеӣ ҳоло бисёр мушкил аст, махсусан, дар шароити имрӯза. Ҳоло донишҷӯ донишҷӯи солҳои қаблӣ нест, ки худаш кӯшиш кунад ва чизе омӯзад. Аксар тасодуфиянд ва дипломгирӣ омадаанд ё аз хизмати аскарӣ гурехтаанд. Барои ҳамин бисёр мушкил аст. Аммо ба ҳар ҳол дар ҳар гурӯҳ 3-4 нафаре ҳаст, ки ба мо умед мебахшанд. Агар ҳамонҳо набошанд, дигар чӣ умеди зиндагӣ аст?

-Оё мантиқ гум намешавад, вақте ки донишҷӯён имтиҳони фанни суханварӣ ё эҷодиро тариқи тест месупоранд?

-Албатта, гум мешавад ва ман борҳо гуфтааму мегӯям, ки барои журналистшавандаҳо бояд ба ҷуз, имтиҳоноти тестӣ, имтиҳони эҷодӣ бошад. Аслан бояд имтиҳон дар факултаву бахшҳои  суханварӣ шифоҳӣ бошад.  Тест барои имтиҳонгирии муаллим осон аст. Аммо барои донишомӯзӣ душман аст. Зеро илмомӯз танҳо тестро аз ёд мекунад ва доир ба фанни таълимӣ фаҳмише надорад. Тест донишҷӯро танбал мекунад. Дар ин бобат мушкилии дигар он аст, ки барои омода кардани саволҳои имтиҳонӣ на ҳама аъзои гурӯҳ, балки ду-се нафари фаъол кор мекунанду халос, вале дар охир ҳама баҳои хуб ва ҳатто аъло мегиранд. Барои ҳамин ҳам донишҷӯён имрӯз кӯшиши таҳсили ҷиддиро намекунанд, зеро хоҳ — нохоҳ баҳо мегиранд

-Шогирдони “тезпазак” доштед ё ҳоло доред?

-Шогирдоне, ки маро ҳамчун роҳбар интихоб мекунанд, худашон менависанд ва кӯшиш мекунанд, ки худашон пажӯҳиш баранд. Албатта, ҳамаашон дар як сатҳ нестанд. Ман бо онҳо зиёд кор мекунам.

-Ҳаст шогирдоне, ки ҳимоя карда бошанд ва шумо пас аз он гуфта бошед: “Ҳимоя кард, лекин намеарзид”?

-Буданд, аммо шогирдони ман не.

-Илми мо чӣ ҳол дорад?

-Дар ҷомеа буда, аз ҷомеа берун буда намешавад. Вақте ки мо ошкоргӯиҳои “Диссернет”-ро дидаву шунидаем, хуб мефаҳмем, ки дар кадом ҳолат қарор дорем.

Нигоҳи сеюм

НАШРИЯҲОИ КОҒАЗӢ БА ШАКЛИ ИМРӮЗА АЗ БАЙН МЕРАВАНД

-Устод, ҳар нафаре, ки навишта метавонад ҳоло хомӯш аст, аммо онҳое, ки навиштаҳои дигаронро нусха карда метавонанд ё бо интернет кор мекунанд, худро журналист мегӯянд…

-Журналист нафарест, ки барои беҳбудии ҷомеа умрашро сарф карда, пайи ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта мешавад ва манфиати миллиро аз манфиати шахсиаш боло мегузорад. На ҳар нафаре, ки барои пулкоркунӣ ба идораи ВАО меравад, журналисти асил аст. Журналист нафарест, ки нанавишта наметавонад. Гап дорад ва онро ба мардум мерасонад.

-Ҳозир миёни журналистони мо ҳамрайъии касбӣ дида мешавад?

-Дар  Тоҷикистон  ҳамрайъии  касбӣ вуҷуд надорад. Аввалан, бояд гуфт, иқтисоди бозорӣ аст, ки миёни нашрияҳо рақобатро ба вуҷуд овардааст ва аз баста шудани нашрияи дигаре рақибон ба ҷойи ҳамраъйӣ хурсанд мешаванд. Дуюм, дар мо созмони воқеӣ ва озоде нест, ки журналистонро ба ҳамраъии касбӣ даъват кунад. Ин боис гаштааст, ки журалистон дар ҷомеа аз ҳама табақаи ҷабрдида ва камҳимояшаванда гарданд.

-Журналист ва вазифа, ин ду калима бо ҳам созиш карда метавонанд?

-Вобаста ба он аст, ки он чӣ вазифа аст. Агар журналист дар вазифаи сармуҳаррир ё директори расонае ва дилсӯз ба дигарону аудитория бошад, метавонад кумаке барои рушди соҳа кунад. Мутаассифона, дар мо он нафароне, ки метавонанд барои беҳбудии соҳа коре кунанд ба онҳо вазифа намедиҳанд. Дар асл ман ба фикре ҳастам, ки журналисти асил аз паси вазифа намегардад.

-Пешрафти  журналистика  аз  чӣ  вобаста аст?

-Рушди журналистикаи муосир аз омилҳои зиёде вобаста аст. Вале омили асосӣ сохти давлатдорӣ аст. Бояд гуфт, ки то ҳанӯз фаҳмиши давраи шӯравӣ, ки ВАО ҳизбӣ буд, дар сари мансабдорон ва баъзе журналистони мо боқӣ мондааст. Онҳо ба назаре ҳастанд, ки ВАО бояд ба касе хизмат кунад: ба ҳукумат, ҳизб, гурӯҳ, сармоядор, нафарони қудратманд… Аммо дар асл, чӣ тавре ки гуфтем, рисолати журналистика ҷамъоварӣ, таҳия ва пахши иттилои воқеӣ, беғараз ва саривақтӣ мебошад. Барои ҳамин ҳам, бояд журналисти асил ба касе хизмат накунад, озод бошад. Аз касе манфиатдор набошад, ба касе тобеъ нашавад. Вале дар шароити кунунӣ, ки журналистон тобеи қудратҳои гуногунанд ва ВАО ба тиҷорату таблиғот машғул аст, амалӣ гардидани ин принсип хеле мушкил аст.

-Ҳозир бо кадом намуди ВАО ҳамкорӣ доред?

-Аслан ҳоло вақти навиштанам кам аст, бештар ба корҳои илмӣ ва таълимӣ машғулам. Агар ҳам ягон чиз навиштам, ба нашрияҳо мефиристам, чоп мекунанд. Лекин маро дар телевизион нишон намедиҳанд, зеро ман риш дорам. Дар радиоҳо бошад, аз ман бисёр мусоҳиба мегиранд.

-Ҳоло кадом шабакаҳои радиоӣ ва телевизиониро мешунаведу мебинед ва кадом нашрияҳоро мехонед?

-Қариб, ки ҳамаи ВАО-ро пайгирӣ мекунам, зеро инро вазифаи ман тақозо мекунад.

-Чаро матбуоти мо бештар хусусияти тиҷоратиро касб кардааст?

-Ба маблағгузорӣ вобаста будани ВАО тақозо мекунад, ки роҳҳои гуногуни гирифтани даромад пайдо карда шаванд. Дар кишварҳои Ғарб аксари даромади расонаҳо аз ҳисоби реклама ба даст меояд.

Дар мо бозори реклама байни чанд расонаи давлатӣ ва хусусӣ тақсим шудааст.

Дар ин ҳолат даромади аслӣ аз ҳисоби фурӯши нашрия аст. Вақте ки муҳтаво ба талаботи хонанда ҷавобгӯ нест, тиражи газета коҳиш меёбад,  реклама кам мешавад. Дар ин ҳол масъалаи ғайриқонунӣ пахш кардани тарғибот ба вуҷуд меояд. Яъне, дар бораи як нафар маводи таърифӣ менависанд, ки ба хонанда мақбул нест.

-Чаро нашрияҳои моро намехаранд?

-Барои он ки соҳибони нашрияҳои мо хонандагонро гӯл мезананд. Дар як шумора як матлаби хуб доранд, дигар боқимонда саҳифапуркуниву матолибе нашр мешавад, ки ба дарди касе намехӯранд. 

-Умри  нашрияҳои  чопӣ чӣ қадар аст?

-Умри нашрияҳои чопӣ кӯтоҳ аст. Мо хоҳем — нахоҳем, нашрияҳои коғазӣ ба шакли имрӯза аз байн мераванд. Агар мо раванди тағйирёбии даҳ соли охирро ба назар гирем, гуфта метавонем, ки дар даҳ соли оянда мумкин аст, ки расонаҳои чопӣ дигар хонандагони худро аз даст диҳанд ва оҳиста-оҳиста ба шакли имрӯза аз миён раванд. 

-Оё журналистикаи шаҳрвандӣ ҷойи журналистикаи касбиро гирифта метавонад?

-Он чизе, ки нафари ғайрижурналист, масалан, духтур, деҳқон, коргар, говҷӯш ё дигаре пахш мекунад, маънои онро надорад, ки он ҳирфаӣ аст ва факту далоилаш санҷидашуда ҳастанд. Мо гуфта наметавонем, он чизе, ки намояндагони журналистикаи шаҳрвандӣ пахш мекунанд, сад дар сад иттилои беғараз ва дуруст аст. Ба ҳар ҳол, журналистикаи касбӣ ҷойгоҳи худро дорад ва фикр мекунам онро аз  даст намедиҳад.

-Кадом омилҳо метавонанд ВАО-и моро ба нестӣ баранд?

-Вақте ки худсонсуркунӣ ба вуҷуд омад, муҳтавои матбуот ба талаботи хонанда ҷавоб дода наметавонад. Вақте ки муҳтаво паст шуд, хонанда кам мешавад. Вақте ки хонанда кам шуд, тираж меафтад. Вақте ки тираж афтид, даромад кам мешавад. Ин ҳама нашрияро ба нобудӣ мебарад.

Нигоҳи чорум

ҚИССАҲОИ МАҲРАМОНА

-Шумо қиссаву ҳикоя менависед. Дар сужаҳои қиссаву ҳикояҳои “Вақте мард мегиряд” “Ишқи деромада”, “Ишқи мӯйсафед”, “Қасос” “Хиёнат” лаҳзаҳои маҳрамонаро баръало дидан мумкин аст. Сабаби ҷой додани чунин саҳнаҳо дар чист?

-Якум, бе будани чунин саҳнаҳо асар хушкухолӣ мебарояд. Дуюм, фаромӯш накунед, ки қаҳрамонҳои асарҳо ҳам одам ҳастанд ва чунин талабот доранд. Ин ягон чизи пӯшида нест. Вақте ки “Ишқи деромада”-ро навиштам, падарам камтар норозигӣ карданд, аммо додарам, ки духтур аст, ба раҳматӣ гуфт, ки ягон ҷойи ҳайрон шудану сарзаниш кардан нест, зеро ба монанди қаҳрамонҳои офаридаи асар ҳамарӯза назди мо меоянд. Аз ҷониби дигар, ҷойи таърифаш нест, аммо бояд бигӯям, ки китобҳои маро чанд нафарӣ шуда мехонданд. Он саҳнаҳо аз ҳаёти мо ҳастанд ва чаро мо нанависем? Нависанда бояд ҳаёти мардумро нависад, то ки ҷомеа гуноҳу савоби худро бинад, ислоҳ ё баръакс зиёд кунад.

-Шумо профессоред ва шогирдони зиёд доред, шогирдон чунин асарнависиятонро чӣ гуна қабул мекунанд?

-Ҳар кас ба андозаи фаҳмиши худ қабул мекунад. Ман то ҳол шикоят нашунидам. Ногуфта намонад, ки ман касеро маҷбур накардааму намекунам, ки асарҳои маро хонанд. Ба касе писанд аст, марҳамат. Касе хондан намехоҳад, нахонад.

Нигоҳи панҷум

ЗИНДАГӢ КАРДАН ДУШВОР АСТ

— Метавонед китоберо ном баред, ки аз он дарси зиндагӣ гирифтаед?

-Ман синфи 7 ё 8 мехондам ва пас аз мутолиаи китоби “Пӯлод чӣ тавр обутоб ёфт” фаҳмидам, ки ба мардум бояд хизмат кард, зеро пас аз мурдан нагӯянд, ки коре накард.

-Мехоҳед намиранда бошед?

-Махлуқи зинда миранда аст. Ман гумон мекунам, ки ҳар кас дар ҷомеаи худаш зиндагӣ карда метавонад. Яъне, бо ин фаҳмиш, бо ин диду дарки имрӯза баъди 100 сол зиндагӣ кардан мумкин нест ё бисёр душвор аст.

-Чанд сол умр дидан мехоҳед?

-Дар ин бора фикр накардаам.

-Маротибаи дуюм бо ҳамин ҷисму ақлу фаҳмиш зиндагӣ кардан мехоҳед?

-Одам баъди вафот кардан, дигар ба ин дунё намеояд.

-Дуюм маротиба муаллим мешавед?

-Ман аллакай муаллим шудам.

-Ман ҳоло 23-солаам, шумо 60-сола. Ман чӣ кор кунам, ки ба синни шумо расидан пушаймон нашавам?

-Бояд заҳмат кашид, меҳнат кард. Вақте ки ба манфиати ҷомеа ва мардум хизмат мекунед, ҳеҷ вақт пушаймон намешавед.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *