Рӯзноманигор ба эътироз нисбати “Ашан” даъват мекунад

Рузноманигори тоҷик Исфандиёри Одина, ки ҳоло дар Лондон ба сар мабарад, аз забони гуфтугуи корбарони фурӯшгоҳи “Ашан” дар саҳифаи фейсбукииаш сахт интиқод кардааст.

Ба иддаои рӯзноманигор тамоми ҳуҷҷатгузорӣ, забони гуфтугӯӣ ва ҳатто саҳифаи фейсбукии ин фурӯшгоҳ пурра бо забони русӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ин таҳқир ба забону фарҳанги тоҷики ба ҳисоб меравад.

Вай навиштааст: “Яке дигар аз ширкатҳое, ки кӯчактарин эҳтироме ба мардуми тоҷик ва забонашон қоил нест, фурӯшгоҳи Ашан аст, ки сафҳаи фейсбукияш ҳам комилан ба русӣ аст! Ин фурӯшгоҳ дар қалби Душанбе аст ва ҳар рӯз ҳазорон ТОҶИК аз он боздид ва колову маводди зиёде харид мекунанд.

Аммо ин фурӯшгоҳи пуррӯ бо даҳҳо саъулону кормандони беҳуввияташ бо мардум ба забони ғайр муъомила мекунад, иттилоъоташро ба забони ғайр дар ихтиёри онҳо мегузорад ва бо ин роҳ ба рӯи онҳо туф мекунад. Ин рафтор ҳам табъизомез аст, ҳам тавҳиномезу таҳқиромез, ҳам зиддидемукротик ва ҳам зидди арзишҳои бозори озод аст! Як беэҳтиромии тамом ба ин миллат аст!”

Дар идомаи интиқод аз мардум талаб мекунад, ки ҳар соҳибзабоне, ки ба худаш ва забонаш арҷ мегузорад, бояд биравад дар сафҳаи ин фурӯшгоҳ шикоят ё эътирози худро баён кунад.

Интиқоди Исфандиёри Одина аз фурӯшгоҳи “Ашан” дар ҳолест, ки чанде қабл рузноманигори дигари тоҷик Далери Эмомалӣ бо пахши як навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳоеро ба по кард. Дар наворе, ки Далери Эмомалӣ сабт кардааст дида мешавад, ки дар як рӯзи серодам дар ин фурӯшгоҳ ҳаракати эскалаторҳо аз тарафи масъулин хомӯш карда шудааст ва рӯзноманигор ин корро таҳқир ба мардуми тоҷик медонад, ки ҳатто иҷозаи истифодаи зинапояи ҳаракаткунандаро барояшон дар ин фурӯшгоҳ намедиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *