Рӯъё Тафтӣ — Эрон

Идеал  

Идеали ман туйи дил минишинад, ваҳлаи аввал,

Сиёсат надорад, зирак аст.

Тардид ҳам намекунад ба канор кашидан дар ваҳлаи аввал,

Ба канор накшидан,

Ҳарф надорад идеали ман.

Эҳтимолан муътақид аст:

То нуқтаи саввуми набошад,

Иртифоъ маънӣ намедиҳад.

Ба сухан дар намеояд,

Расмаш ин аст.

Вуҷуд надорад мисли ту, ки идеали ман,

Фосила мегузорад.

Шибҳиҷазира аст,

Ва зери об рафтанаш ба чарбиҳои гардаи наҳанг мемонад.

Зери об карданаш,

Идеали ман ин ҳам нест.

***

Бозгашт  

Баргаштаам аз мусофирати тӯлонӣ,

На пойҳоям захм,

На дасту дилам,

Хаста ҳам нестам.

Парвонае аз пила гузашта,

Шафирае ба марги хоб рафта фурӯ,

Такдарахти дашти хотири ӯ,

Галаи ваҳшишудаи хотири ӯ.

Такон ба шохаҳояш ҳар тараф, ки бихоҳад,

Ва фарқи боду бодро мехонад.

Рафта будам сари решаҳоям, ки рафта буд ақиб,

Чашмҳо яксон шудаанд бароям.

Ва дастҳои давру барам яксон намешавад,

Зарбае, ки интизорашро дошта бошӣ,

Коре намешавад,

Шурӯъ аз худам шуда буд.

Бояд тамом мекардамаш ба заъми худам,

Парванда кушӯдаи теғи амуд аст,

Дашти хотири ман шуд.

Галаҳои ваҳшишудаи хотири ман,

Шадид буду мадид буд,

Вале ба рафтану баргаштанаш ҳар ду бор меарзид?

رویا تفتی — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *