«Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон» оғоз мешавад.

Имрӯз, 10 май дар шаҳри Душанбе «Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон» оғоз мешавад. Тасмими баргузор кардани «Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон» авоили соли ҷорӣ дар нишасти гурӯҳи кории ҳайатҳои Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Узбакистон дар Душанбе гирифта шуда буд.

Ба иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳайати ҳунармандони Узбакистон дар доираи ин ҳамоиши фарҳангӣ бо раҳбарии муовини аввали вазири фарҳанги он кишвар Мирҳоҷиддин Ҳоҷиматов ба Душанбе омаданд ва муддати се рӯз дар Душанбе, Турсунзода ва Қӯрғонтеппа барномаҳои корсертӣ баргузор хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *