Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Раҳмон Набиев: ТУЛӮЪ ва ҒУРУБ

Рӯзи дигар дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими видоъ бо Ҷаббор Расулов барпо гардид. Тоҷикон, русҳо, ӯзбекҳо, беларусҳо, украинҳо — намояндагони ҳама  миллату халқиятҳои сокини Тоҷикистон (шумораи онҳо қариб ба сад мерасид) бо сари хам навбат истода, бо шахсияте, ки 21 сол дар Тоҷикистон шахси аввал буд, онро сарварӣ дошт, видоъ мекарданд. Ҳар киро ҳар чӣ дар забон буд, мегуфт: яке аз покиву хоксории ӯ сухан мекард, дигаре мегуфт эҳтиёткор буд, сеюмӣ аз адами ифтихороти миллии дар ӯ ҳарф мезад, чорумӣ бо ашки шашқатор гӯё падарашро дафн мекард…

Гапҳо ба андозаи лабҳо зиёд буданд. Мансабдорон дирӯз назди Ҷаббор Расулов чорқад буданд, акнун назди Раҳмон Набиев даст пеши бар. Зеро медонистанд Раҳмон Набиев, ки  раиси комиссияи дафн буд, фардо Котиби якум хоҳад шуд. Пас аз марги Владимир Илич Ленин раиси дафн Иосиф Сталин буд. Ӯ генсек шуд. Пас аз марги вай Никита Хрушев раиси дафн эълон гашт. Вай низ генсек шуд. Дафни ӯро Леонид Брежнев раисӣ кард. Ӯ ҳам генсек шуд. Андропов дафни Брежневро роҳбарӣ кард. Ӯ ҳам генсек шуд. Ҳамчунин, Горбачев, то замоне ки  табадуллот нашуду СССР барҳам нахӯрд, генсек боқӣ монд.

Дар як лаҳза тамоми хотирот ва сифатҳои неки Ҷаббор Расуловро дар кафан печонида, бо ҷасадаш гӯр карданд. Дар сари дастархону кӯча, минбару саҳифаҳои рӯзномаҳо дар васфи Раҳмон Набиев ба сурудани мадҳия оғоз карданд. Боре Ҷаббор Расулов пеш аз марги Бобоҷон Ғафуров ба аёдати ӯ беморхона меояд. Бобоҷон Ғафуров ҷониби ӯ даст дароз мекунанд ва мегӯянд: «Ҳамин аст зиндагӣ!» Зери ин сухан як ҷаҳон маънӣ нуҳуфта буд.

4 апрели соли 1982 Ҷаббор Расуловро дар боғи Садриддин Айнӣ, дар паҳлуи академик Бобоҷон Ғафуров ба хок супориданд. Чунин тасмим то ҳанӯз муаммост. Зеро ду фарде, ки дар зиндагӣ ду қутб буданд, пас аз марг паҳлуи ҳам хок шуданд. 

Баъд аз ҳабдаҳ рӯзи марги Ҷаббор Расулов, 20 апрели соли 1982 Пленуми КМ ПК Тоҷикистон баргузор гашт ва Раҳмон Набиев Котиби якуми КМ интихоб гардид.

Умед карда будам, ки Раҳмон Набиев бандаро ба ҳайси ёрдамчӣ мепазирад. Зеро ӯ Ҷаббор Расулов набуд. Роҳбари камдонишу худхоҳ гирдаш наздиконашро ҷамъ меорад ва гумон мекунад ин аст роҳи наҷот. Раҳмон Набиев чунин буд.

Раиси Кумитаи бехатарии давлатӣ Е.И. Первенсев маро наздаш хонд ва гуфт: «- Рафиқ Акрамов, шумо солҳои зиёд бо Ҷаббор Расулов кор кардед, хуб ҳам кор кардед. Омода ҳастем шуморо ба вазифаи баландтар гузаронем. Дар ин бора бо Котиби якум КМ Раҳмон Набиев маслиҳат доштем. Шуморо хуб мешиносанд ва гуфтанд, ки агар розӣ бошад, алҳол ҳамроҳам кор карда истад. Шумо чӣ мегӯед?». Ман чӣ ҳам мегуфтам. Розӣ шудам. Аз якуми майи соли 1982 ба сифати ёрдамчии Раҳмон Набиев ба кор оғоз кардам. Бароям бо имзои Раҳмон Набиев ҳуҷҷати ёрдамчии Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистонро доданд.

Дар давоми қариб 8 соле, ки бо Ҷаббор Расулов кор карда будам (1974-1982), ҳама роҳбарони ҷумҳуриро хуб мешинохтам, бо аъзои Бюрои КМ аз наздик шинос будам. Бисёр вақт сафари Расулов ба Москав ва ба шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ бо Раиси Совети Вазирон Раҳмон Набев сурат мегирифт. Барои ҳамин Раҳмон Набиев  маро хуб мешинохт ва номамро гирифта, муроҷиат мекард.

Аввалин суҳбат бо Раҳмон Набиев самимӣ гузашт. Ӯ пурсид, ки ёрдамчӣ ба ғайр аз иҷрои вазифаи асосӣ дар бораи киҳоро ба ҳузур пазируфтан, куҷо рафтан, берун аз кор бо чӣ машғул будани Котиби якум ҳам ба КГБ хаттӣ маълумот медиҳад?

Ман  фаҳмонидам, ки вазифаи ёрдамчӣ шахсан муҳофизат кардани Котиби якум аст, ҳеҷ гуна маълумоте ҷамъ намекунад ва хаттӣ ҳисобот наменависад. Раҳмон Набиев дигар ба ин мавзӯъ барнагашт.

Оҳиста-оҳиста, Раҳмон Набиев ба ман эътимод ҳосил намуд ва берун аз доираи фаъолиятам супориш медодагӣ шуд.

Котиби якум интихоб шудани Раҳмон Набиев ба пӯстини бисёре аз роҳбарон кайк ҷой кард. Онҳо бовар надоштанд, ки дар мақомашон устувор мемонанд. Роҳу воситаҳои наздик шудан бо роҳбари аввалро меҷустанд. Ширинии мансабу пастии инсонро ман бо чашми худ медидам. Дасти пеши бару сари то ба зону хами онҳо нафратовар буд. Аҷаб он ки ин тоифа мардум ҳамин ки ба мурод расиданд, на Худоро мешинохтанду на Худододаро. Онҳо сар ба кафи андеша гузошта, фикр намекарданд, ки дур аз маърифати сиёсӣ ҳастанд, дидгоҳашон мисли як ҷои мурғ танг аст, намедонистанд, ки роҳбар будан савобу ҷавоби фардои мардуми заҳматкашро бар дӯш доштан аст. Барояшон салобату салват муҳим буд, на масъулияту шарофат. Чунин андешаю чунин роҳбарон бехабар аз худ чоҳ зери ҷойгоҳи миллату давлат канданд, замина барои ҳодисаҳои солҳои 1990 гузоштанд. Сари қудрат омадани Раҳмон Набиев бозгашти ҷон дар бадани ин тоифа шуд. Онҳо чун дастаи гургони гурусна барои расидан ба манзили мурод аз ҳеҷ чиз рӯй наметофтанд. Сустиҳои Раҳмон Набиев ангуштони парешонро ба мушти қавӣ табдил медод. 

Дар ин даври ҳассос Раҳмон Набиев хост низоми таъиноти кадриро, ки аз ҷониби КМ ҲКИС муқаррар шуда буд,  шиканад. Вазири тандурустӣ чун котиби дуюм, раиси КГБ, прокурори ҷумҳурӣ номзад ( номенклатура)- и Москав. Аммо Раҳмон Набиев се номзади аз ҷониби Маскав пешниҳодгаштаро напазируфтанд ва сари номзади пешниҳодкардаи худ — Пӯлотов истодагарӣ кард. Гапашро гузаронид ва Пӯлотовро вазири тандурустӣ таъин намуд.  Аммо чунин рафтори Раҳмон Набиев ба Маскав писанд наомад. Дере нагузашта, Раҳмон Набиев иқдоме кард, ки даст ба хонаи занбӯр халонидан буд. Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 60 — солагӣ қарор дошт. Аммо сохтмони “Кохи Борбад”, ки 15  сол давом дошт, ҳанӯз нотамом буд. «Госплан»-и СССР барои ба анҷом расонидани он маблағ ҷудо намекард.   Раҳмон Набиевич ситод таъсис дод ва Қаҳҳор Маҳкамовро ба он сардор таъин намуд. Котиби якуми Кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе  Ҷӯра Латифов ҳарчанд талоши зиёд барои ободии шаҳр дошт, аз вазифа сабукдӯш ва ба ҷои ӯ Ҳалимовро интихоб гардид. Аммо Ҳалимов сустӣ зоҳир мекард, кор пеш намерафт, супоришҳояш иҷро намешуданд. Раҳмон Набиев ҳар субҳу шом дар сари сохтмон буд. Сохтмони «Кохи Борбад»- ро то ҷашн ба анҷом расонид, аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ ва иншооти ҳизбӣ меҳмонхонаи «Авесто»-ро ба истифода дод. Маскав ҳарчанд забон зери дандон дошт, аммо аз чунин худсарӣ ба таҳлука афтод.

Бузургтарин ғалати Раҳмон Набиев шикастани низоми интихоби кадрҳо буд.

Замони роҳбарии Ҷаббор Расулов тавозун миёни минтақаҳо ба ин низом буд: Котиби якум аз Хуҷанд (Ҷаббор Расулов), Раиси Шӯрои Олӣ аз Ғарм (Маҳмадулло Холов), Раиси Совети Вазирон аз Хуҷанд (Раҳмон Набиев), муовинони Раис аз Кӯлоб (Мирзо Бобоев), аз Бадахшон (Р. Юсуфбеков) буданд. Онҳо шахсиятҳое буданд, ки касбияти баланд ва миёни мардуми минтақа обрӯ ва эътибор доштанд. Танзими равобити марказ бо минтақа аслан тавассути онҳо сурат мегирифт ва ин масъулият ба дӯши онҳо бор буд. 

Раҳмон Набиев низоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро, ки дурустии худро собит сохта буд, ба риштаи таҳрир кашид. Ҷои  касбиятро дар интихоби кадрҳо самимияти шахсӣ, рафиқбозӣ, гурӯҳбозӣ ва ришва гирифт. Каждумҳои зери бӯрё ҷон гирифтанд,  ангуштҳои ҷудогонаи бадхоҳон ба мушти устувор табдил ёфтанд. Кланҳо бедор шуданд. Ӯ худсарона шурӯъ ба ивази кадрҳои соҳибистеъдод ва соҳибэҳтиром кард. Ба ҷои онҳо кадрҳое омаданд, ки дар хунашон шуҳрату мансабпарастӣ меҷӯшид, касбияташон зери шубҳа қарор дошт. Мирзо Бобоев ( солҳои1973—1983 котиби КМ ҲК Тоҷикистон), эҳтироми бузурге миёни сокинони ҷумҳурӣ, махсусан минтақаи Кӯлоб дошт, сари синаашро ҳанӯз замони Котиби якуми ноҳияи Восеъ будан, нишони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ оро медод (Ӯ фарди хоксоре буд, аҳён ситораро сари сина меовехт). Мисли тарошаи азбомафтода ба ҷои ӯ Ҳикматулло Насриддинов Котиби КМ (1983 -1986) дар соҳаи аграрӣ таъин мегардад. Ӯ «- ако-ако» — гуфта ба Набиев хушомад мезад. Гулҷаҳон Бобосодиқова гурги борондида буд. Ӯ гумон дошт рӯзе мерасад, ки Раҳмон Набиев ба сараш об мерезад. Зеро замони котиби якуми Ҳизби коммунисти шаҳри Душанбе будани ӯ ва Раиси Шӯрои Вазирон будани Раҳмон Набиев миёнашон гурбаи сиёҳ гузашта буд. Гулҷаҳон Бобосодиқова давраи роҳбарии Ҷаббор Расулов муносибаташ бо Маскав устувор буд ва онро ба хотири мабодо устувортар месохт.

Муддате нагузашта собит гашт, ки низоми бенизоми  интихоби кадрҳо барои Раҳмон Набиев амри тасодуф набуд. Ӯ Маҳмадулло Холовро (солҳои 1963 — 1984 Раиси Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба нафақа гусел мекунад. Маҳмадулло Холов на танҳо миёни мардуми минтақаи Қаротегин, балки дар тамоми ҷумҳурӣ шуҳрат ва маҳбубият дошт. Ба ҷои ӯ Паллаев Ғоибназар — Котиби якуми Ҳизби коммунист дар вилояти Қӯрғонтеппа (1973 — 1984) интихоб мегардад (солҳои 1984 — 1990 Раиси Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ба ҷои Абдураҳмон Додобоев (солҳои 1973- 1983 Котиби КМ ПК Тоҷикистон оид ба саноат), ки маҳз дар замони котиби КМ будани ӯ саноат рушд дошт, Темур Мирхолиқов  (1983 — 1987), ки барояш муҳим набуд, ки об куҷо меравад, таъин мегардад. Ин рӯйхатро метавон беохир давом дод. Аммо номбаршудагон чеҳраҳои калидӣ буданд.

Амали Раҳмон Набиев шоҳмотбозеро мемонд, ки як гашт пешро дидан наметавонист. Дере нагузашта кӯрмакҳои киштаи ӯ ба «ҳосил» даромаданд.

(Давомаш дар шумораи оянда)

Шариф Ҳамдампур

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.