Раҳматилло Зойировро боз кӣ куфт?

Раиси Ҳизби сотсиал — демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров мегӯяд, дар назди манзили зисташ, ӯро ашхоси номаълум мавриди латукӯб қарор доданд.

Раҳматилло Зойиров дар сафҳаи Фейсбукии худ аз ҳамлаи навбатии ашхоси номаълум ба ӯ хабар дод.

Ба навиштаи Зойиров, ҳамлаи навбатӣ рӯзи 22 — уми сентябр , тақрибан соати 18:20 дақиқа, дар 20 метр дуртар аз хонаи истиқоматияш сурат гирифт. Раиси Ҳизби сотсиал — демократии Тоҷикистон мегӯяд, он замон аз сафари минтақаҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ бо маълумотҳои иборат аз тақаллубкории роҳбарони навоҳӣ ва шаҳрҳо баргашта буд.Ду ҷавонмарди номаълум аз қафо ба ӯ ҳамла намуданд.Ба нигоштаи Зойиров, «яке аз онҳо ду зарба аз қафо зад: аввал ба чизи кунд ба сар, баъд ба чашми рост ва қисми чашми косахонаи сар аз паҳлӯ, дуюмӣ маро бо тамоми қувват ба ҷӯйбор тела дод, вақте афтодам, китфи чапам ба девори ҷӯйбор зад, сипас бо зону ба замин афтодам».

Ӯ мегӯяд, чанд лаҳза беҳуш буд, аммо касе ба кумаки ӯ наомадааст. Чун манзили зисташ аз ҷойи ҳодиса дур набуд, худаш чорғовак карда, базӯр ба хона расидаст.Дар идома Зойиров гуфтааст, ки ҷароҳатҳояшро дору кардааст ва баъди ду рӯз аз бистар хестаасту ҳоло ин хабарро нашр кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *