Раҳим Азимов дар интихоботи Думаи Русия ғолиб омад

Дар асоси натиҷаҳои пешакии  интихоботи Думаи давлатии Русия, дар овоздиҳии рӯзи 18 сентябр дар вилояти Киров сиёсатмадори тоҷиктабор Раҳим Азимов ғолиби интихобот шуд.

Натиҷаҳои ниҳоии интихобот рӯзи 22 сентябр эълон мешавад. Ин сиёсатмадори узви ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» бо 51,29 дар сади овозҳо бар рақибони худ дастболо шуд. Дар интихобот Раҳим Азимов шахси боэътимоди Владимир Путин, президенти Русия буд. Раҳим Азимов зодаи шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфара мебошад.

Дар корномаи расмии ӯ гуфта мешавад, ки Раҳим Азимов соли 1964 дар оилаи коргар ба дунё омада, Донишгоҳи маъданшиносии ба номи Г.В.Плеханови шаҳри Ленинградро аз рӯи ихтисоси «технология ва механизатсияи коркарди маъдан» хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ ӯ дар Русия монда дар соҳаи саноат кор кардааст. Баъди солҳои 1996 дар мақоми намояндаи доимии Ҷумҳурии Комӣ дар назди президенти Русия, раҳбари иҷроияи барномаҳои Бунёди минтақавӣ барои Шимоли Русия кор кардааст. Дар оғози солҳои 2000-ум узви Шӯрои Федератсия, баъдан Кумита оид ба назорат аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир кор кардааст. Дар солҳои 2008 то 2012 профессори донишгоҳи маъданшиносии Санкт-Петербург, муовини раҳбари куллии корпоратсияи «Ростехнологии» кор кардааст. Соли 2015 муовини раис оид ба масоили иҷтимоии «Корхонаи кимиёии Кирово» ОАО «ОХК «Уралхим» таъин шуд. Хатмкардаи Академияи дипломатияи Вазорати корҳои хориҷии Русия ва донишгоҳи умури дохилии Санкт-Петербург ва доктори улуми техникӣ аст. Раҳим Азимов дар тӯли 26 соли зиндагӣ ҳамроҳ бо ҳамсараш Елена се фарзандро ба воя расондааст.

Раҳим Азимов дар хонаводаи иборат за 11 фарзанди Азизбой Азимов, иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон дар деҳаҳои  Найману Сурху Чоркӯҳи Исфара бузург шудааст. Бародари калониаш Азимбой Азизӣ раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд аст. Ин дипломати тоҷик гуфт, Раҳим Азимов ҳеҷ гоҳ ватани аҷдодиашро фаромӯш накардааст ва дар деҳа мактаби нави замонавӣ сохта мазори кӯҳанбунёди деҳаро обод ва ба бемористони ноҳия кумакҳо кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *