Рафиқ Сталин дар Ашт

Муҷассамаи мувофиқи қадди Иосиф Сталин 172-сантиметрии раҳбари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1956 бо пули кишоварзони колхози ба номи Молотови деҳаи Ашт бунёд шуда ва аз мавҷи саркӯбу нобудсозии муҷассамаю аксҳои Иосиф Сталин дар замони «мубориза бо шахспарастӣ”-и раҳбари баъдии Шӯравӣ Никита Хрушёв эмин мондааст.

Дар ин бора бо нашри акси ин муҷассама Диловар Ҷафаров, як сокини маҳаллӣ хабар додааст.

Ӯ менависад, ки «гурӯҳи «сталинчиёни ашаддӣ”, ки бештарашон собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд, он замон атрофи муҷассамаро бо ғӯзапоя пӯшонда, аз назари ҳайати ҳукуматии масъули харобсозии муҷассамаҳои Сталин пинҳон доштаанд.»То имрӯз мардум ин муҷассамаро нигоҳубин мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *