Рафоат Шоазимова ҷоизаи “Ҳунарпешаи беҳтарин”–ро гирифт

Ҳунарпешаи тоҷик Рафоат Шоазимова дар кинофестивали байналмиллалии “ASTI FILM FESTIVAL” сазовори ҷоизаи “Ҳунарпешаи беҳтарин” гардид.

Тавре Румӣ Шоазимов дар саҳифаи фейсбукиаш нигоштааст, хоҳараш барои иҷрои нақш дар филми “Провинциальных мечтателях” сазовори ин ҷоиза гаштааст. Ӯ ба ташкилкунандаи кинофестивал Riccardo Costa изҳори сипос намуда, зикр кардааст, ки дар ин ғолибият саҳми ҳукумати кишвар ва ширкати “CinePromo” низ кам нест.

Ёдовар мешавем, ки Кинофестивали байналмиллалии “ASTI FILM FESTIVAL” дар бинои “Teatre Alfieri Asti”-и кишвари Италия баргузор гашта, дар он кишвари моро филми “Провинциальных мечтателях” намояндагӣ мекард.

Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *