Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рафтани Месси аз Барселона тасдиқ шуд

«Барселона» тасдиқ кард, ки ҳамлагари аргентинӣ — Лео Месси тасмим гирифт, ки клубро тарк кунад. Дар ин бора тв Варзиш дар такя сомонаи «Marca» хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, аргентинӣ бо тариқи фкас ба роҳбарияти бошгоҳ хабар додааст, ки мехоҳад аз «Барселона» равад ва аллакай ҷавоб ҳам гирифтааст. Гуфта мешавад, ки шартномаи Лео бо «нилунориҳо» то соли 2021 эътибор дорад, аммо ба гуфтаи «Marca» ӯ мехоҳад аз ҳуқуқи худ барои қатъ кардани шартномаи яктарафа истифода кунад. Дар ин ҳолат, вай метавонад ба таври ройгон ба дигар даста равад.

Бояд гуфт, ки муддаии асосии Месси дастаҳои «Интер», «ПСЖ», «Манчестер Юнайтед» ва «Манчестер Сити» маҳсуб меёбанд, аммо роҳбарияти бошгоҳ то ҳол умедвор аст, ки аргентиниро нигоҳ медорад ва мехоҳад садди роҳи рафтанаш гардад. Месси дастпарвари «Барселона» мебошад. Дар маҷмӯъ, дар бошгоҳи каталонӣ, дар ҳама мусобиқаҳо 731 бозӣ карда, 634 гол задааст ва 285 партофти головар анҷом додааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.