Раис барои лӯлиҳо мактаб месозад

Ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар ҷануби Тоҷикистон, тасмим гирифтааст, то барои фарзандони қабилаи лӯлиҳо дар масоҳати як гектар замин мактаби замонавӣ созад. Ин тасмим дар пайи шикояти лӯлиҳо дар робита ба дур мондани фарзанди онҳо аз таҳсил рӯи даст гирифта шудааст.

Убайдуллои Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гуфтааст,ки  тасмими бунёди мактаби замонавӣ барои қабилаи лӯлиҳо ҷиддӣ мебошад, чун онҳо чандин бор расман ариза навишта ва дар мулоқот аз дур мондани фарзандонашон аз таҳсил шикоят кардаанд. Убайдуллои Файзулло бовар дорад, ки лӯлиҳо оҳиста — оҳиста суннати бобоии худ, яъне талбандагиро тағйир дода, рӯ ба таълиму омӯзиш меоваранд. «Мардумаш муроҷиат карданд, навиштанд, мо низ аз ҳукумати кишвар дархост кардем, ки бояд барои лӯлиҳо мактаб созем. Тасмими мо ҷиддӣ аст. Чун онҳо таваҷҷуҳ доранд. Мактабе, ки сохта мешавад, махсус барои лӯлиҳо мебошад. Онҳо зиёд таваҷҷуҳ доранд. Мисле, ки дигар шудаанд. Ман ҳатман мактаби онҳоро ба истифода медиҳам», — гуфтааст ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *