Раиси Бонки миллӣ дар бораи пулҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон

-Давоми  ду соли гузашта мавзӯи сармояҳои Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон ҳамвора дар расонаҳо матраҳ будааст ва агар воқеан ин пул дар Тоҷикистон вуҷуд медошт, иқтисоди кишвар ба чунин мушкил рӯбарӯ намешуд- гуфт Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз  зимни нишасти хабарӣ.       

  Раиси Бонки миллӣ аз ҷумла гуфт, ки «ду сол боз баҳсҳо сари ин пулҳо идома дорад, вале мо дар даст маълумоти мушаххас надорем. Дар Бонки миллӣ ҳуҷҷатҳое нест, ки амалиётҳои Занҷонӣ дар бонкҳо ё ташкилоҳои қарзии кишвари мо амалӣ шуда бошад. Дар ин бора санади расмие низ имзо нашудааст. Агар ҳуҷҷати асоснок дошта бошанду пешниҳод кунанд, ки кадом ташкилот бо вай кор кардааст, мумкин ширкатҳои хоҷагидор байни ширкатҳои эронӣ барои ҳамкорӣ кардан шартнома доштанд. Вале аз тариқи бонкҳо маълумоти аниқ надорем. Агар маълумоти мушаххас пешниҳод шавад, мо он қудратро дорем, ки дар ташкилоти қарзӣ таҳлил гузаронда ва он маблағро муайян кунем.»

Раиси Бонки миллӣ бори дигар интиқоли пулҳои Занҷонӣ аз тариқи бонкҳои Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, ки «агар дар солҳои 2014 ва 2015 ин қадар маблағ дар иқтисоди Тоҷикистон мешуд, ин қадар фишор болои қурби асъори миллӣ намешуд. Ба рушди иқтисод таъсири мусбӣ мерасонд. Ин маблағ дар иқтисодиёти Тоҷикистон гардиш накардааст. Ин маълумотро тасдиқ карда наметавонем.»

Феълан як силсила ширкатҳои сохтмонӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва сайёхӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ марбуд дониста мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.