Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Раиси Исфара: Аввал қирғизҳо тир кушоданд!

Баҳоваддин Баҳодурзода, Раиси шаҳри Исфара дар нахустин суҳбати хеш бо хабарнигорон пас аз захмӣ шуданаш дар муноқишаҳои марзӣ гуфт, ки ҷангро ҷониби Қирғизистон оғоз карда, аввал қирғизҳо ҷониби тоҷикон оташ кушоданд.

Баҳодурзода, ки рӯзи 29-уми апрел дар марз бо Қирғизистон захмӣ шуда буд, гуфт, жухтурони бемористони шаҳри Хуҷанд тирро аз баданаш берун овардаанд ва ӯ ба зудӣ ба кор бармегардад.
Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Баҳодурзода гуфт, ки санаи 29 апрел дар маҳалли тақсими об, ки бо миёни сокинони Қирғизистону Тоҷикистон “Аввал сангпартоӣ шуд, пас аз он низомиён бе огоҳӣ ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон тир кушоданд”. Раиси шаҳри Исфара гуфт, ки “Оғози ҷанг аз тарафи Ҷумҳурии Қирғизистон” буд.

Ёдовар мешавем, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 3-юми май гуфт, “ин нерӯҳои марзбони Қирғизистон буданд, ки чанд низомии тоҷик ва Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфараро, ки барои ҳалли ҷанҷол рафта буд, бо зарби тир маҷруҳ карданд.” Ду тараф дар робита ба ҷанг дар сарҳад парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Баҳодурзода дар ин суҳбат гуфт, ки мақсади онҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал кардани мушкили об буд, вале ҷониби Қирғизистон оташ кушоданду вай захмӣ шуд:

“Пас аз сангпартоӣ, аз тарафи ҳамсояҳо тир кушоданд, аллакай ман захмӣ шуда будам. 29-уми апрел, соати 13:05 ё шояд 13:10 буд. Шунидем, ки мардуми зиёди ҳамсоя ҷамъ шуда истодаанд, барои муноқиша сар нашудан, барои гуфтушунид бо роҳбарони Ҷумҳурии Қирғизистон ба он ҷо рафтем”.

Баҳодурзодаро санаи 30 апрел аз беморхонаи Исфара ба Хуҷанд интиқол доданд.

“Рӯзи 30-юми апрел. Барои тирро гирифтан маро ба ин ҷо, ба беморхонаи шаҳри Хуҷанд, оварданд. Ҷарроҳӣ бомуваффақият гузашт. Ҳоло вазъиятам нағз аст. Омодаам, ки боз ба мардуму ватан хидмат кунам. Саломатиям хуб аст ва, Худо хоҳад, рӯзҳои наздик ба кор бармегардам”.

Баҳоваддин Баҳодурзодаи 45-сола соли 1999 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Ӯ чанд сол мушовири Раёсати адлияи вилояти Суғд буда, тайи шаш сол дар вазифаи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд кор кардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.