Раиси Исфара ба президент пайравӣ кард, дигарон чӣ?

Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузаронид. Дар ин бора Иқбол Тешаев дар саҳифаи фейсбукиан хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ин иқдом аз роҳбари давлати Тоҷикистон оғоз гардид, ки маоши якмоҳаи худро президент ба фонди чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 гузаронид.

Бино ба иттилои Тешаев мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, мақомоту сохторҳои марбута, ҷомеаҳои меҳнатӣ ва соҳибкорони саховатпешаи шаҳр алҳол тамоми воситаю имконояти мавҷудаю дастрасро барои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи «COVID-19», фароҳам сохта шароити зарурӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ, ба аҳолӣ фаҳмондани корҳои пешгирикунанда, риояи дастуру супоришҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодгардида, манъи чорабиниҳои оммавӣ, истифодаи ниқоб зимни баромадан ба кӯчаву ҷойҳои серодам, безараргардонии муассисаҳои хӯроки умумӣ, бозору дӯконҳо ва гулгашту хиёбонҳо, ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот равона кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *