Раиси суд ва судяи шаҳри Гулистон барои гирифтани пора дастгир шуданд

Раиси суди шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) Гулистон Ёдгорзода Наргис ва судияи суди шаҳр, Муродбек Насритдинзода  барои гирифтани 2 ҳазор доллар пора дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Дирӯз зимни нишасти хабарӣ бо журналистон сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд, генерал майори адлия Иброҳимзода Карим Иброҳим гуфт:

“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки Насритдинзода  Муродбек дар вазифаи судияи суди шаҳри Гулистон кор карда истода, санаи 26 сентябри соли 2019 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо раиси суди шаҳри Гулистон Ёдгорзода Нагис аз намояндаи қонунии шаҳрванд Ш. Мизробов барои омода ва ирсол намудни парвандаи гражданӣ 2000 доллар талаб намудаанд. 12 декабр тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда  Ёдгорзода ба воситаи миёнарав  сармутахассиси Суди Олии ҶТ Абдухалил Раҷабов  2 ҳазор долларро аз намояндаи қонунии шаҳрванд Мирзобоев Ш. Талаб карда гирифт”.

Ин се коранди мақомоти судӣ баъд аз гирифтани пора дар ҷои ҳодиса аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд дастгир шудаанд. Айни замон нисбати номбурдагон аз ҷониби Прокурори Генералии ҶТ бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи  ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *