Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Раиси Суди Олии иқтисоди ва раиси дастгоҳи ин ниҳод гирифтори каронавирус шуданд

Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ва раиси дастгоҳи ин ниҳод Ҷамшед Файзуллозода бо сирояти каронавирус дар бемористон бистари гардиданд. Дар ин бора сомонаи «Sputnik Тоҷикистон» хабар медиҳад.

Бино ба иттолои манбаъ, Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон дар Шифохонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, маъруф ба “Инфексионний”, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон ва Ҷамшед Файзуллозода, раиси дастгоҳи ин ниҳод дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” табобат мегиранд.

Тавре манбаи Sputnik хабар медиҳад:

«Аз рӯи иттилое, ки мо дорем, хушбахтона, сиҳатии ҳарду рӯ ба беҳбудӣ овардаасту марҳалаи шадиди маризиро пушти сар кардаанд. Раиси Суди Олии иқтисодӣ бо ташхиси “пневмония” бистарӣ шудаанду ташхиси раиси дастгоҳ ба мо маълум нест».

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.