Раиси ВМКБ иваз шуд

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
озод намудани Шодихон Ҷ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Шодихон Ҷамшед бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
1 октябри соли 2018
№1110

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Файзов Ё.Д.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Файзов Ёдгор Доёрович иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
1 октябри соли 2018
№1111

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *