Рамазон Раҳимзода аз «Сизо»-и Хуҷанд дидан кард.

 

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/3-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дидан кард.

Тавре аз хадамоти матбуотии ВКД-и Тоҷикистон хабар медиҳанд, дар баробари ин ҷаноби вазир  аз қисми ҳарбии 6593-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, аз рафти хизматбарӣ, шароити зист, хӯрока, сару либоси сарбозон ва ҳолу аҳволи онҳо бохабар гардид.

Аз тарфи вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба сарбозони қисми ҳарбии мазкур сару либос, пойафзол (берси), маводи хӯрокворӣ, гушт ва як сар чорвои калони шохдор ба ҳайси кӯмак расонида шуд.

Вазири корҳои дохилӣ дар ин радиф ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру азнавсозӣ ба Муассисаи ислоҳии ЯС 3/3-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили семент, чӯбу тахта, шағал ва дигар маводи зарурӣ ёрии амалӣ расонид.

Ҳамчунин ба Муассисаи мазкур таҷҳизоти техникии ҳозиразамон, дурбини мушоҳидавии шабона ва муқаррарӣ барои пеш бурдани хизмат тақдим карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки ин сафари кори Рамазон Раҳимзода дар Вилояти Суғд то чанд рӯзи дигар идома хоҳад ёфт

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *