Рамзи муқовимат ва бедорӣ. Сугвориҳо дар марги Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ

Субҳи 18 октябр қалби шоир, драматург, пажӯҳишгар ва маъруфтарин тоҷики Ӯзбекистон Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар синни 78 солагӣ аз тапидан бозмонд. Номи ин шахсияти мубориз охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум ҳамчун ҳимоягари забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикони Ӯзбекистон дар ақсои олам маъруф шуд. Ҳаёт Неъматро ҳамчун рамзи устуворӣ ва бедории тоҷикони ин кишвар мешинохтанд…

Ҳаёт Неъмат 31 июли соли 1943 дар деҳаи Қаволаи ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Дар чаҳорсолагӣ, дар натиҷаи фалокате, маҷрӯҳ гардида, ҳаштуним сол бистарӣ будааст. То синфи ҳафтум дар мактаби русии бемористон, аз синфи ҳашт дар мактаби миёнаи №16 таҳсил кардааст. Соли 1982 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро бо дипломи аъло хатм кардааст. Аз моҳи июни соли 1965 то августи 1983 дар идораи маорифи халқи ноҳияи Самарқанд ба ҳайси сармуҳосиб, аз моҳи августи соли 1983 то декабри 1996 ба ҳайси сармуҳосиби Идораи таълими вилояти Самарқанд адои вазифа намудааст. 

Вале маъюбӣ монеъ нашуд, ки Ҳаёт Неъмат ҳамчун як шахсияти вораста ба камол расад ва дар ҷаҳони форсизабон шуҳратёр гардад.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор дар ин маврид мегӯяд: “Мо ҳеҷ гоҳ фикр намекардем, ки Ҳаёт Неъмат маъюб бошад. Рӯҳаш чунон бузург буд, ки гоҳо худамонро пеши ӯ нотавон эҳсос мекардем.”

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ аз 16-солагӣ ба ду забон (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) шеър мегӯяд.

Дар яке аз суҳбатҳои хеш ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” гуфта буд:

«Ман худам намедонам аз кай ба шеърнависӣ оғоз намудаам ва аввалин шеърам кадом аст. Чунки ман дар даруни шеър калон шудаам, мо бо шеър бозӣ мекардем, модарам моро бо шеър хобонидаву бедор мекарданд.”

Намунаҳои ашъори Ҳаёт Неъмат дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Лондон, Амрико, Исроил чоп шудаанд. 100 ғазали Саъдии Шерозӣ, 120 ғазали Ҷомӣ ва 100 ғазали Имом Хумайниро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст, ки аз ҷониби Интишороти «Алҳудо» (Эрон) ба табъ расидаанд. Ягона маҷмӯаи ашъори шоир дар Душанбе таҳти унвони “Шир..! Шеър..! Шер..!“ соли 2018 ба нашр расид. Дар соҳаи драманависӣ ҳам қалам ронда, чанд драмаи манзум офаридааст.

Бо вуҷуди он ки Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ ҳамчун шоир эътибор пайдо кардааст, вале осори пажӯҳишии ӯ низ ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Ӯ баъд аз таҳқиқи 30-сола тазкираи адибон, шоирон, донишмандони гумноми охири асри XIX ва аввали асри XX-ро ҷамъоварӣ карда, бо иловаи зиндагинома ва осори шоирони муосир дар ду китоб “Сипеҳри орзу” (Тазкираи шоирони тоҷики Самарқанд) ва “Уммони беобмонда” (Тазкираи шоирони тоҷики Бухоро) ҷамъбаст намудааст. Китоби аввал соли 2019 дар Душанбе ба нашр расид ва китоби дуввум бошад омодаи нашр аст. Ин ду китоб муҳимтарин кори Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ мебошад. Ҳамчунин, доир ба эҷодиёти Мавлавӣ якчанд таҳқиқоти илмиро ба анҷом расондааст, ба монанди рисолаи «Фарҳанги мардумии осори Мавлавӣ» (2014) ва «Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ» (2017).

Номи Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар берун аз Ӯзбекистон ҳамчун шахси мубориз ва ҳомии забону фарҳанги тоҷикон дар Ӯзбекистон шинохта шудааст.

Ӯ дар охири солҳои 80 пешгоми ҳаракатҳои бедорӣ ва адолатхоҳии тоҷикон дар Ӯзбекистон буд. Барои дифои ҳуқуқи тоҷикон гуруснанишинӣ низ кард ва чеҳраи нохушоянд дар даврони раҳбарии Ислом Каримов буд. Бинобар ин, муддате дар ҳабси хонагӣ қарор дошт ва нашри осораш дар Ӯзбекистон манъ шуда буд. Вале ин монеаҳо натавонист, рӯҳи ӯро шиканад. Ӯ зимни сафарҳои хеш ба Тоҷикистон, Эрон, Россия, Қазоқистон, ИМА, Британия, Фаронса ва дигар мамолики олам садои тоҷиконро ба ҷомеаи ҷаҳон мерасонд.

Баъд аз  президенти Ӯзбекистон интихоб шудани Шавкат Мирзиёев рӯзгори Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ низ тағйир ёфт ва муносибати мақомоти Ӯзбекистон низ ба ӯ нарм шуд. Солҳои охири умр зиндагии осуда дошт, шоир.

Одил НОЗИР

Масъуди Сипанд

Амрико, Сан-Франсиско

Нахустин бор, ки дуктур Карими Ҳаккок телефон карду гуфт, ки меҳмоне аз тоҷикони Ӯзбекистон дорем ва мехоҳад биёяд Сан-Франсискоро бубинад, бисёр шодмон шудам, ки бори дигар як ҳамватани тоҷик ба хонаи мо қадам мегузорад. Ҳаёт Неъматро, ки дидам меҳраш дар дилам ҷой гирифт ва вақте, ун ҳама талош ва кӯшишаро дар роҳи густариши забони форсӣ-тоҷикӣ дидам, бештар ошиқаш шудам. Ҳаёт дорои иттилооти васеъ аз таърих ва фарҳанги форсӣ буд ва саъйи зиёд мекард, то осори шоирон ва нависандагони тоҷики Ӯзбекистонро дар ҷаҳони форсизабон ба чоп бирасонад.

Шеъри Ҳаёт аз садоқат ва садои тоҷикони Ӯзбекистон сухан мегӯяд ва дорои бори миллатдӯстӣ ва мардумсолорӣ мебошад. Дӯстон аз анҷумани сухан дар Колифорниё хотироти мудаббир аз Ҳаёт доранд ва мадюни хидматҳои ӯ дар роҳи забону фарҳанги форсӣ ҳастанд. Рӯҳаш шод бод!

Шаҳзодаи Самарқандӣ,

нависанда, Ҳолланд

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, шоири барҷастаи тоҷиконро дар рӯзи ҷашни шаҳри Самарқанд ба ҷовидона супурдем. Эшон  рамзи муқовимат ва истодагии тоҷикон дар солҳои сахт буданд ва дар рӯзи Самарқанд аз олам рафтанашон бори дигар инро тайид кард.

Устод тараннумгари ҷаҳони озод ва озодагон буданд. Оҳанги нуҳуфта дар ашъори ӯ садои адолатхоҳӣ ва садои ҳақиқатҷӯист ва тори ӯ таронаест барои бедорӣ. Ў намоди миллати мо буд.

Сафар Абдуллоҳ,

Профессор, Қазоқистон

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ бо ҷисми маълулаш борҳо садои додхоҳӣ баланд карда ва барои ҳифзи миллаташ аз нобудии маънавӣ ҷонталошиҳо карда буд, барои ҳифзи забони мо дар хостгоҳи ин забон, дар Самарқанд, боре чанд  гуруснанишинӣ карда буд. Самарқанди дардманди мо яке аз ҳомиёни бузургашро аз даст дод.

Чанде пеш ман бо устод Адаш Истад ба дидораш рафта будем. Дардкашида ва хаста менамуд, вале бо рӯйи кушод ва меҳрубонӣ моро пешвоз гирифт, бо хушгӯйӣ ва латифагӯйӣ моро хушҳол кард. Пур аз завқи зистан буд… аммо дареғу сад дареғ… 

Исмоил Зарифӣ

ОШИқИ ҷОВИДОНА РАФТ

Вой, зи базми зиндагӣ сози хушу

тарона рафт,

Булбули орзуи дил аз дили

ошёна рафт.

Рафту бимонд баҳри мо ганҷи

«Сипеҳри орзу»,

Оҳу дареғу ҳасрато, хаста зи

остона рафт.

Даст фишонд ба сӯи мо, рафт

 ба олами бақо,

Аз ҳама ӯ карона ҷуст, ҷониби

бекарона рафт.

Он ки тамоми умр буд ошиқи

 шеъри Мавлавӣ,

Аз раҳи ишқи зиндагӣ ошиқи

ҷовидона рафт.

Меҳри забони модарӣ буд ниҳон

 ба синааш,

Мурғи биҳиштӣ оқибат аз паи

обу дона рафт.

Бо амалу каломи хуш ҷой ба

 синаҳо намуд,

Зиндагияш фасона буд, охир аз

 ин фасона рафт.

Ахтари ҷовидонае гашт ниҳон

 ба коми меғ,

Хона ба қаъри хок кард, нури

тараб зи хона рафт.

Шаҳду шакар ҳамефишонд

хомаи зарнисори ӯ,

Оҳ, Ҳаёти хушсухан, оқибат

аз миёна рафт.

Абдуллоҳи Раҳнамо

Мазҳари ҳадафмандӣ,

Рамзи решапайвандӣ.

Ҳарчи мебуридандат,

Ҳеҷ дил намекандӣ.

Баски пора шуд модар,

Сахт буд фарзандӣ.

Метанӣ ду сӯи марз,

Ҳамтанию монандӣ.

Ҳар саҳар ба рӯи марг,

Ҳамчу субҳ механдӣ.

Бо аробаи дастӣ,

Порсотар аз Гандӣ.

Заъфро ту нашносӣ,

Дардро ту напсандӣ.

Бошарафтарин озод,

Бегунаҳтарин бандӣ.

Сар ба сар ҳама дарсӣ,

Сар ба сар ҳама пандӣ.

Порсии тоҷикӣ,

Неъмати САМАРҚАНДӢ…

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!
  1. Ҳамсоя 24.10.2021 15:41

    Худованди Бузургу бахшояндаи меҳрубон ҷояшро ба ҷанат мушараф гардонад, дар зиндагӣ бисёо азобу уқубатҳоро нисбати ҳимояи миллати Тоҷик дар ҳамсоякишвар дида буд. Ба қадри ин хел сарсупоридагони миллат бояд расид.Аҳли Самарқанди бостон бояд аз ин хел марди Шариф фахр намоянд ва пайрави кори неки вай бошанд ва хизматҳои арзандаи онро фаромуш насозанд.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.