РАШТ: Саҳми 184 валантиёри саҳроӣ баҳри пешгирии бемории сил

Дар шаш моҳи соли 2018 дар ноҳияи Рашти минтақаи Рашт 51 нафар гирифторони бемории сил ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 25 нафарашон сили шуш ҳастанд.  Соли 2017 бошад ҳамагӣ 65 нафар гирифторони ин намуди беморӣ  бо кӯмаки кормандони кумитаи маҳаллаҳо ва табибону дигар фаъолони ноҳия дарёфт  карда шуд.

Ба гуфти ҳамоҳангсози барномаи USAID дар Рашт, Исомуддин Шокиров  дар 5 ноҳияи минтақаи РАШТ  14 кумитаи маҳаллаҳо баҳри дарёфти бемории сил ва пешгирӣ аз ин намуди беморӣ фаъолият мебаранд, ки ҳар кумитаи иборат аз 6 аъзоӣ аст.

                 Методҳои нав ҷорӣ кардем то пешгирӣ пурзӯр гардад

Оид ба сабабу омилҳои зиёд гардидани дарёфти бемории сил дар байни аҳолии минтақаи РАШТ Исомуддин Шокиров  гуфт: -Сол аз сол вазъи бемории сил дар саросари кишвар беҳбуд меёбад.
Бо баргузориҳои чорабиниҳои мухталиф, корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷалби фаъолони маҳаллаҳо, ҳавасманд кардани  аъзоён ва фаъолон, шароити лозимаро фароҳам овардан, аз роҳу усулҳои нав ба нав истифода бурдан омилҳои асосии пешгирӣ аз бемории сил аст. Инчунин  пешрафти техника ва бо технологияи навину муосир муҷаҳҳаз шудани беморхонаҳои силшиносӣ, дастрас шудани дастгоҳи ҷенэксперт ва баланд шудани маърифати тиббии шаҳрвандон  омилҳои дигари пешгирӣ аз бемории сил ва зиёд дарёфт кардани ин намуди беморӣ   мебошад.  Тӯли се соли ҳамкорӣ бо барномаи Юсаид мушоҳида кардам, ки имрӯз на танҳо дар минтақаи мо, балки  таваҷҷӯҳи ҷомеаи Тоҷикистон ба мушкилоти бемории сил пурра ҷалб гардадааст.

Вобаста ба ин гуфтаи Шокиров метавон илова кард, ки  на танҳо ҷомеаи Тоҷикистон, балки созмонҳои ҷаҳониро низ ин беморӣ нигарон кардааст, хоса   Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро. Аз ин сабаб ҳар сол 24 март, маҳз бо қарори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, “Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи сил” эътироф шудааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт соли 1993 силро мушкили миллӣ ва 24 мартро “Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи сил” эълон кардааст.  

               75-80%-и аҳолӣ оид ба бемории сил маълумот гирифтаанд

-Барои донистани натиҷаҳои кори худ дар байни аҳолӣ оид ба бемории сил пурсишҳо гузаронидем, то муайян намоем, ки огоҳии аҳолӣ оид ба ин намуди беморӣ дар кадом саҳт қарор дорад. Мувофиқи пурсишҳои  гузаронидаи мо имрӯз дар минтақаи Рашт  75-80%-и аҳолӣ оид ба бемории сил маълумот доранд. Боварӣ дорам маърифати тиббии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад  ва корбарию корҳои фаҳмондадиҳии духтурону кормандони кумитаҳо чунин идома ёбад сатҳи огоҳӣ дар давоми соли ҷорӣ аз 75-80% ба 85-90% мерасад-аз сатҳи баланди огоҳии аҳолӣ изҳори хушнудӣ кард директори “Маркази сил”-и ноҳияи Рашт, Қудратулло Қодиров.

Директори “Маркази сил”-и ноҳияи Рашт,                 Қудратулло Қодиров

Ба гуфти Қодиров дар шаш моҳи соли 2018 дар Рашт 51 нафар гирифторони бемории сил дарёфт карда шудаанд, ки 11 нафарашон беморони микробхориҷкунандаи шуш мебошанд, ки бо табобат ва назорати қатъӣ фаро  гирифта шудаанд:

-Зиёд гардидани дарёфти бемории сил маънии онро надорад, ки ин намуди беморӣ афзудааст, балки сатҳи маърифатнокии аҳолӣ аз худи бемор сар карда то дигар шаҳрвандон хеле баланд рафтааст. Вақте маърифати  шаҳрвандон баланд мешаванд мусаллам аст, ки нисбати саломатии худ ва афрофиёнаш боэътибор мешавад. Раванди номатлуби ба истилоҳ “доғгузорӣ” аз байн меравад. Фикрҳои нодурусту носолим ба монанди “бемориям ошкор шавад мардум чӣ мегӯянд”, “ин беморӣ табобатнашаванда аст”, “ин дарди ман ирсӣ аст” тадриҷан аз сари бемори сил дур мешавад.

                         Кӯмаки моддӣ ба беморони сил

Ба гуфти масъулини тандурастӣ ва МИҲД-и ноҳияи Рашт дар баробари дастирии маънавӣ ва бо муомилаву муолиҷаи хуб баҳри табобати беморони сил кӯшиш кардани  силшиносон, инчунин аз ҳисоби ҳукумати ноҳия дар аксар иду ҷашнвораҳо нафарони бемор (ҳам сил ва ҳам ғайрисил)  аёдат ва бо кӯмаки яквақта дастгирӣ меёбанд: -“Танҳо дар иди моҳи мубораки Рамазон ба 100 нафар беморони сил (новобаста аз табобатёфта ё дар ҳоли муолиҷа буда)  аёдат карда шуданд. Ба ин сад нафар маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла равған, биринҷ, макарон, орд ва шакар кӯмак карда шуд ”-афзуд Қодиров Қудратулло.

                           Фикри солим-тани солим аст

Сили шуш фаъолтарин намуди беморӣ аст, ки шумораи умумии гирифторони бемории сил, сили шуш ҳастанд.  Нишонаҳои умумии бемории фаъоли сили шуш – ин  сулфа, баъзан бо балғам ва хун, дард дар қафаси сина, бемадорӣ, лоғаршавӣ, табларза ва арақзеркунии шабона мебошанд.  Дар як қисми  аҳолӣ ҳангоми шакли фаъоли БС нишонаҳо метавонанд дар тӯли якчанд моҳ мӯътадил бошанд, ки ин ҳолат  боиси  ба таъхир гузоштани муроҷиат ҷиҳати ёрии тиббӣ ва интиқоли бактерияҳо ба шахсони дигар мегардад. Дар давоми як сол  инсони гирифтори БС метавонад то 10-15 нафарро,  ки  бо вай дар алоқаи зич қарор мегиранд, сироят намояд. Аммо набояд ба сироятёбии атрофиён бепарво буд. Зеро пешравии ҷомеа аз сиҳатии аҳолӣ вобаста аст. Аз ин сабаб  бо фикрҳои солим метавон танҳоро солим кард. Аз ин рӯ  дастгирии беморони сил, табобати саривақтии онҳо ва ҳамчунин муҳайё намудани шароити хуби корӣ ба табибони бемории сил муҳим аст. Рисолати муқаддаси ҳар табиби ин беморӣ низ бузург аст, чун аксари гирифторони бемории сил аз ҷиҳати психологӣ руҳафтодаанд. Пешгирии бемории сил, дарёфти беморон  кори якҷояи масъулину сокинонро талаб мекунад. Сатҳи баланди маърифтанокӣ ва маълумотнокӣ, аз фикрҳои ғалат парҳез кардан, саривақт аз ташхис гузаштану ба табобат ҷалб шудан, пурра табобат фаро гирифтан омилҳои асосие ҳастанд, ки бемории силро дар байни аҳолӣ ба таври назаррас кам мекунад-  гуфт  Сарвари маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими минтақаи Рашт, Нуралӣ Олимов.

 

Сарвари маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Рашт, Нуралӣ Олимов

                       184 валантиёри саҳроӣ баҳри аз байн бурди сил хизмат мекунанд

-Айни замон дар минатқа ғайр аз кормандони кумитаҳо ва кормандони соҳаи тандурустӣ  184 валантиёри саҳроӣ баҳри аз байн бурди бемории сил хизмат мекунанд.  Баланд рафтани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ ва маърифати тиббии онҳо боис шуд, ки ватантиёрон, яъне ихтиёриён дар байни аҳолӣ зиёд гардад. Шумораи умумии  валантиёрони саҳроии моро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки як падида хуб аст.  Аз ин бармеояд, ки  пеш аз ҳама худи ҷавонон бетараф нестанд баҳри решакан кардани  ин намуди беморӣ. Имрӯз ҳар яки онҳо дарк карданд, ки дар ҳолати бетарафӣ зоҳир кардан ба ҳамдигар, беаҳамият шудан нисбат ба саломатии худ ва оилаи худ,  доғгузорӣ нисбат ба беморони сил  дарёфти бемориро мушкил, шумораи беморон зиёд мекунад- гуфт аъзои кумитаи маҳаллии ноҳияи Рашт, Озодамоҳ Ҳакимова.

                                     Ҳар намози ҷумъа оид ба пешгирии бемории сил мегуем

Зимни сафар ба минтақаи Рашт маълум гардид, ки барои аз байн бурдани доғгузорӣ нисбати беморони сил ва решакан кардани ин беморӣ дар баробари силшиносону дигар кормандони соҳаи тандурустӣ, аъзоёни кумитаи маҳаллаҳо ва валантиёрон,  инчунин имомхатибони масҷидҳо низ саҳми назаррас доранд. Имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Нусратулло Махсуми ноҳияи мазкур , Ҳалимҷон Разоқов гуфт:-  Мо ҳар ҳафта дар рӯзи намози ҷумъа оид ба пешгирӣ аз бемории сил ва солимии ҷомеа сухан мекунем. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки баъзе аз беморони сил, ки хатари микробхориҷкунӣ ва сироят кунонидани атрофиёнро доранд, на бо хоҳиши худ ба табобат ҷалб мешаванду не бо тавсияи духтурон ва на ба маҷбурияти аъзоёни оила. Қисме аз чунин нафарон танҳо ба сухани имому домулло эътимод  доранд. Аз ин рӯ дар такяи ба ин боварияшон мо аввалан оид ба саломатӣ сухан мекунем ва мегӯем: Ҳатто Худо одами тани солим ва ақли солимдоштаро дӯст дорад. Касе дидаю дониста ҷони худро дар азоб мемонад ва боиси ранҷу машаққоти дигарҳо мешавад дар пеши худо гунаҳгор аст.

Имомхатиб, Ҳалимҷон Разоқов

Аз ин рӯ ғамхори саломатии худу атрофиён бояд буд.  Дар маълумотнок шудани аҳолӣ саҳмгузор шудаву мақоли мардумии “Пешгирӣ беҳ аз табобат”-ро набояд фаромӯш кард.

                                                                                                                                                                Фарзона Муродӣ

                                                                                                                                                   Хуҷанд-Рашт-Хуҷанд

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *