Рашт: Таҳсили 72 нафар духтарон тавасути квотаи президентӣ

 Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар қаламрави ноҳияи Рашт 32 бинои нави таълимӣ ва 98 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, солҳои 2014-2015 дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 19 бинои нав ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Сохтмони биноҳои нав дар назди муассисаҳои таълимии №27 ва 100 идома дорад.
Дар солҳои 2011- 2014 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ ба воситаи Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии ноҳия бо 2518 баста мизу курсии талабагӣ, 214 баста мизу курсӣ барои омўзгорон, 417 курсии нимнарм, 310 адад мизи талабагӣ, 107 адад тахтаи синфӣ, 64 адад либосовезак ва дигар ҷиҳозу таҷҳизоти дарсиву гармидиҳӣ таъмин карда шуданд, ки маблағи умумиашон 784 ҳазору 930 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ин давра аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии ноҳия бо 414 баста мизу курсии талабагӣ ва 55 миз барои омўзгорон таъмин карда шуданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисоси маҳаллӣ тадбирҳои судманд меандешад. Бо ин мақсад дар панҷ соли охир 144 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, аз ҷумла 72 нафар духтар ба тариқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил гардида, таҳсил доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *