Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

«Фурудгоҳи Истанбулро шаҳрвандони Тоҷикистон таркондаанд»

Расонаҳои Русия навиштаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон фурудгоҳи Отатурки Истанбулро таркондаанд.


Мақомоти амниятии Туркия афроди гумонбар ба ташкили ҳамлаҳои террористӣ дар фурудгоҳи Туркияро ифшо накардаанд, вале гуфтаанд, онҳо аъзои гуруҳи «Давлати исломӣ» мебошанд.

Вазорати корҳои хорҷиии Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки хабари нашршуда дар расонаҳои Туркияро баррасӣ мекунад: “Расман ба мо иттилое дар бораи даст доштани тоҷикон дар ҳамлаҳои террористии Истанбул иттилое дода нашудааст. Пулиси Туркия мегӯяд, феълан шахсияти террористҳо маълум нашудааст. Намояндаҳои Тоҷикистон бо тамоми ниҳодҳои Туркия, аз ҷумла расонаҳо ҳамкорӣ доранд, то асли қазияро муайян кунанд”.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш гуруҳи террористие дар фурудгоҳи Отатурки Истанбул ҳамлаҳои террорисӣ анҷом дод, ки дар натиҷаи ин ҳамалаҳо беш аз 50 нафар кушта ва 147 нафар захмӣ шудаанд.

Расиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ин таркишҳо ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон барқия тасалият баён карда, гуфта буд, ки террорист дину имон надорад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.