Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Расулов дар назди биноҳои баландошёна  танӯр  месозад

Шаҳрдории Душанбе тасмим дорад, дар назди биноҳои истиқоматӣ танурҳои замонавӣ насб кунад 

Ашӯрбек Расулов, муовини раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 27 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Раёсати меъморӣ намунаи чанд танурро дар ихтиёр дорад ва дар сурати интихоб якеро дар пойтахт насб хоҳад кард.
Ба қавли  Расулов, дар назди бархе биноҳои баландошёна чанд танур насб шудааст, ки ба фарҳанги шаҳрнишинӣ созгор нест.
Ахиран, бо қарори Маҳмадсаид Убайдуллоевраиси шаҳри Душанбе як ҳайат ба тахриби танурҳое, ки сокинони пойтахт дар назди биноҳо худсарона сохтаанд, шурӯъ кардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Сокини ш. Душанбе 27.07.2016 16:31

    Дуруст аст агар дар назди як бинои баландошёона як танур насб кунанд. Ва бигзор ин танурхо бо газ ё барк тафсонда шаванд. Вагарна бо хам бетартибихои пешинаро сокинон такрор карда, дар назди танур хар чо хар чо гарами «хезум» -хои худро боз чамъ мекунанд.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.