Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

«Равшан» 1 ғалаба карду зинаи хавфнокро тарк намуд

23 сентябри соли равон дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки бо 3 хол ба ҷумлаи аутсайдерони Лигаи олии кишвар шомил буд, ниҳоят дар бозии мавқуфмондаи даври 12-ум аутсайдери дигар «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро дар меҳмонӣ мағлуб сохта, ғалабаи нахустинашро ба даст овард.
Сомонаи ФФТ хабар медиҳад, ки футболбозони Кӯлоб ба дарвозави соҳибони майдон 3 тӯб ворид карда, ба дарвозаи худ 1 тӯб сар дод. Голҳоро аз «Равшан» Абубакр Азимов, легионер Канкам ва Саидхони Амрохон муаллиф шуданд. Ин ба даста имкон дод, ки бо «Парвоз» дар ҷадвал ҷой иваз карда, бо 6 хол ба зинаи 9-ум барояд ва мавқеи хавфнокро тарк намояд.
Пас аз 14 давр дар садри ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон дастаҳои «Истиқлол» бо 33 хол, «Ҳосилот» бо 25 имтиёз дар ҷойи дуюм ва «Регар-ТадАЗ»- Турсунзода бо 20 хол дар зинаи сеюм қарор доранд. Мавқеи охирини даҳумро «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 5 хол ишғол намудааст.
Дар бозиҳои даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон 24 сентябр «Ҳосилот» – КМВА «Помир», «Барқчӣ – «Вахш», «Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ», 25 сентябр «Равшан» – «Истиқлол» ва «Хайр» – «Парвоз» вомехӯранд. Оғози бозиҳо — соати 16:00.
Эмоми Назариён

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.