Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Равшан” ба даври финалии Parimatch — Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 роҳ ёфт

Дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб дар бозии нимфиналии Parimatch — Ҷоми футболи Тоҷикистон тими “Регар-ТадАз”-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ба даври финалӣ роҳ ёфт.

Тибқи иттилои ФФТ, тӯби ягонаро ба дарвозаи “Регар-ТадАЗ” дар дақиқаи 51-ум Абдураҳмон Нозимов ба ҳадаф расонид.

Дастаи “Равшан” дар мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, ҳарифаш дар бозии финалӣ имрӯз аз рӯйи натиҷаи вохӯрӣ байни дастаҳои “Хатлон” (Бохтар) — “Истаравшан” (Истаравшан) муайян мешавад.

Дар маълумоти ФФТ таъкид мешавад, ки бори нахуст дар таърихи ин мусобиқа дастаи лигаи якум ба даври финалӣ роҳхат гирифт.

Ёдрас мешавем, ки қаблан дар давраи чорякфиналии мусобиқа “Равшан” бо ҳисоби 4:2 дастаи “Истиқлол”-и Душанберо шикаст дод.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.