Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рекорди Тоҷикдухтар

Насибаи наврас  150 бор турник мекашад

     Насиба  барои ояндаи дурахшони худ варзиш ва тарзи ҳаёти солимро  интихоб кардааст. Шояд ин ҷо муҳити созгори оилавӣ то ба андозае нақш дошта бошад. Зеро падараш Саъдулло Собиров  35 соли умрашро маҳз ба варзиш, баҳри инкишофи тарзи ҳаёти солим бахшида, варзишгарони ояндаро сабақ медиҳанд.

     Насиба се сол дар маҳфили «Гимнастҳои наврас»-и Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов зери роҳбарии номзад ба устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Саидҷон Восиев тамрин карда, дар таҷҳизоти аз ҳама мушкили батут ва турникашӣ ҷисми нозукашро метавонад то 150 маротиба боло бардорад. Ҳол он ки ҷавонони ҳузарби донишҷӯ ҷисми худро аз 10-12 дафъа зиёд бар кашида наметавонанд!  Соли сеюм мешавад, ки таҳти сарпарастии қиблагоҳаш  ҳар рӯз масофаи 6 ҳазор метрро то ба Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тай мекунанд. Баъд  дар масофаҳои 60, 100, 200, 400, 800, 1000 м, 1500 м ва то 3000 м машқу тамрин меороянд. Дар варзиши сабук  аллакай меъёри  номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистонро бошарафона иҷро кардааст.

   Дастовардҳои варзишии  Насиба Собирова имрӯз  аз 3 медали тилло, 3 медали нуқра, даҳҳо адад инъому туҳфаҳои хотиравӣ, сипосномаю ифтихорномаҳо ва дигар нишонаҳои сарисинагӣ иборат аст. Насиба моҳи июни соли 2015  бо ибтикори Муассисаи ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар дави чорнафара (эстфета) мақоми аввалро ишғол кард, ки аз шарофати пирӯзии ӯ даста низ ғолиб баромад. Ҳамзамон, дар мусобиқаи кушод, бахшида ба 90-уми солгарди мақоми пойтахти ҷумҳурӣ гирифтани шаҳри Душанбе дар масофаи 300 метр ҷойи якум ва медали тиллоро соҳиб шуд. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба солгарди  Ваҳдати миллӣ дар  соли 2015 дар масофаи 1000 метр аз ҳама пеш ба марра расид.

  Насиба Собирова аълочии хониш буда, дар ҳамаи чорабиниҳои мактабӣ фаъолона  иштирок менамояд. Машқҳоро зери роҳбарии Устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, мураббиёни Хизматнишондодаи дараҷаҳои байналмилалӣ Фарҳод Куралов ва Надима Мирзоева бо ҷидду ҷаҳди бепоён мегузаронад.

Эмоми НАЗАРИЁН,

«Тоҷикистон»

.

 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.