Реинкорнатсия: Руҳи Рустами достон дар ҷисми як тифли кулобӣ

 

Ин бофта нест, ин воқеият аст, ки тамоми мардуми Тоҷикистон дар борааш ҳарф мезананд. Дар Тоҷикистон кӯдаке тавалуд шуд, ки 7 кг 200 грамм вазн дорад.

Мувофиқи ривоятҳо Рустами достоне, ки Фирдавсӣ дар асари безаволи худ офаридааст,  дар замони худ баробари 7 санг (8 кг 10грамм) таввалуд шуда буд. Ғайбшиносон мегӯянд, ки баъди 1000 сол яъне баъди  суқути давлати Сомониён,  Эмомалӣ Раҳмон давлати тоҷиконро барпо кард,  ё баъди 1000 соли Рудакӣ Лоиқ ба дунё омад. Реинкарнатсияро касе инкор накардааст. Баъзан руҳи шахсони таърихӣ дар ҷисми одамони нав ба дунё омада ҷо мешавад. Инро на дини ислом, на дини масеҳӣ ва ё ягон дини дигар  инкор намекунад. Ба дунё омадани ин тифл  гувоҳи он аст, ки родмарде чун Рустами достон  барои ҳифзи давлате, ки дар асри бистуяк дар зери хатар қарор дорад, дифо кунад. Таҳмина ном доштани модари ин тифл низ беасос нест.

Дар тавалудхона табибон дар тифл нишонаҳои Рустами достонро дарёфтаанд.  Сардухтури ин бемористон Ҳалима Гадоева изҳор намуд, ки тифли нав ба дунё омада бо чашмони гиро, ҷасурона, бидуни тарс ба руи кас нигоҳ мекунад. Чун дигар тифлон ӯ ҳангоми таввалуд гиряву ба пистони модар дарафтанданро рад менамояд. Мо аз достони Шоҳнома хуб медонем, ки Рустамро аз шиками модараш ба тариқи қайсарӣ берун оварда буданд. Рустами тозабадунёомада, низ тавасути қайсарӣ ба дунё омадааст.

 Тибқи маълумоти мо дар Осиё Рустами тозатавалудшуда ягона тифле мебошад, ки бо ин вазн ба дунё омадааст. Албатта дар паҳлӯи у гурз намерасад. Вале ғайбдонон ба модари ӯ гуфтаанд, ки ин тифл бузургитарин лашкаркаш дар Қораи Осиё хоҳад шуд ва аз нигоҳи имрӯза шояд баъд аз 30 со ҷои Вазири мудофиаро гирад. Руҳи Рустам, ки дар ҷисми писари Таҳмина дар шаҳри Кулоб, ки таърихи 9 июл тавалуд шудааст, ҷой шудааст. Рустами достонҳо  ба дунё хуш омадӣ. Тоҷикистон интизори ту буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *