Плазаҳои “IRS” бо ҳароратсанҷ таъмин шуд, роҳ баста нест

Ширкати “IRS” баста шудани роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқро дар робита ба бемории коронавирус рад кард. Ин танҳо овоза буда, асос надорад.  Ин роҳ  маркази пойтахтро бо шимоли Тоҷикистон мепайвандад.  

Тавре ки аз  Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  дар Тоҷикистон ба Ptressa.tj хабар доданд:

“Аз шаҳрвандон хоҳишмандем, ки ба овозаҳо фирефта нашаванд. Дар робита ба бемории коронавирус роҳбарият ва кормандони филиали ширкат корҳои пешгирикунандаро тавсеа бахшида, дар ин ҷода  корҳои зиёде амалӣ шуданд.  Илова бар ин, теъдоди зарурии дастгоҳҳои ҳароратсанҷ харидорӣ шуда, ба тамоми плазаҳо, коргоҳҳои истеҳсоли асфалт, нуқтаҳои вазнченкунӣ ва намояндагиҳо дастрас шуд. Чунин тадбирандешиҳо замина фароҳам оварданд, ки дар ҳолати зарурӣ ҳарорати тани мусофирону ронандагон санҷида шавад”.

 Инчунин, дар ширкат мегӯянд, қаблан иттилоъ дода буданд, ки дар сурати аз 25 дараҷа зиёд будани ҳарорати ҳаво бояд аз 1-уми майи соли равон то 31 августи ҳамин сол маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешуд. Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.

 Чун ҳарорати ҳаво нисбатан паст омад, роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки ин иқдом то 13 майи соли ҷорӣ мавқуф гузошта шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *