Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Роҳбари “Авангард” маблағи калон ва шиносномаи нафақахӯрро баргардонд

Имрӯз ба идораи сомонаи «pressa.tj» Шаропов Фаттоҳ Алимович, нафақахӯри 80-сола омад ва гуфт, ки рӯзи ҷашни Наврӯз дар назди дорухонаи кӯчаи Бухоро шиносномаи худро бо корти имтиёзнок гум кардааст.

“Пас аз ин нохост як ҷавон ба ман занг зада пурсид, ки Шаропов Фаттоҳ Алимович шумоед? Шиноснома ва кортатонро ман ёфтам ва омада гиред. Ман рафтам. Ба ман шиносномаро бо кортам, ки дар дохилаш аз 1000 сомонӣ зиёд буд, баргардонд. Бар ивази ин мукофотпулӣ дароз кардам, аммо ӯ рад кард, нагирифт. Сипас миннатдорӣ баён карда, ба хона баргаштам”,- мегӯяд ӯ.

Ин нафақахӯри 80-сола барои ёрӣ ва ғамхории писарона ба Қодиров Фирӯз Маҳмадуллоевич, яке аз ҷавонони фаъол ва роҳбари гуруҳи “Авангард”—и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба волидон ва ҳамчунин ба вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода миннатдорияшро мерасонад, ки ин гуна ҷавонро тарбия карданд.

“Ба Фирӯзҷон монанди худам умри дароз ва хизмати шоистаро дар мақмоти ҳифзи ҳуқуқ тамонно дорам”- афзуд, ҳамсуҳбати мо.

-->

Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Акрамзода Фатҳулло 27.03.2020 12:21

    Офарин Ҳамкурси азиз

  2. Anvar 28.03.2020 14:48

    Аз номи оилаи Шароповхо ба Қодиров Фирӯз Маҳмадуллоевич миннатдори худро баён мекунам. Ташакури бепоён ва офарин ба хаминхел чавонмардхо!

  3. Anvar Sharopov 28.03.2020 14:49

    Аз номи оилаи Шароповхо ба Қодиров Фирӯз Маҳмадуллоевич миннатдори худро баён мекунам. Ташакури бепоён ва офарин ба хаминхел чавонмардхо!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.