Оне ки доллар мечошид фирор кард (Навор)

Амонулло Иззатуллоев, машҳур бо Ҳоҷӣ Амон ва молики ширкати сохтмонии «Сапеда 112”, ки дар тавлиди нахустфарзандаш доллар чошида буд,  ба хотири дар ҷустуҷӯи мақомоти милитсия қарор доштанаш аз ватан фирор намудааст. Дар ин бора хабар медиҳад сомонаи Ахбор

“Шаҳрванд Иззатуллоев Амонулло Исматович, соли таваллудаш 1983, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳамадонӣ, барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, яъне қаллобӣ дар кофтукови ҷиноятӣ қарор дорад. Агар маълумоте дошта бошед, ба рақамҳои зерин занг занед: 221 21 21, 227 98 98…”.

Чунин эълони кӯтоҳ чанд вақт боз дар барномаи «Ахбори ВКД – Сипар” садо медиҳад.

Бояд гуфт, ки Амонулло Иззатуллоев шахси  оддӣ нест. Ӯ, ки бештар бо номи Ҳоҷӣ Амон маъруф аст, роҳбари ширкати «Сапеда 112”, як ширкати пештоз дар бозори сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар пойтахти Тоҷикистон мебошад.

Ширкати «Сапеда 112” чандин бинои истиқоматӣ дар маҳаллаҳои Қазоқону 112 ва Зарафшону Испечакро сохта, чандин хонаи дигари ҳанӯз нотамом дар даст дошт. Ҳоло муштариён, ки маблағҳои зиёдро барои харидани хона ба ин ширкат супоридаанд, дар дил ҳарос доранд, баъди бо иттиҳоми қаллобӣ таҳти кофтуков қарор гирифтани Ҳоҷӣ Амон  аз соҳиби хонашудан маҳрум мешаванд.

Ҳоҷи Амон

Ин дар ҳолест, ки дар бораи мардумфиребии Ҳоҷи Амон ҳанӯз чанд моҳ пеш як корбари “Фейсбук” бо номи Наврӯза Иноятова шикоят намуда буд. Ба гуфтаи Наврӯза, Ҳоҷӣ Амон як хонаро бо чанд кас фурӯхта, даромади муфт ба даст меовардааст. Тавре худи ҷабрдида мегӯяд: “Фирори Ҳоҷӣ Амон муштариёни ширкати «Сапеда 112”-ро дар як ҳолати нигаронӣ андохтааст. Онҳо намедонанд, ки хонаҳои нимсохти ин ширкатро акнун кӣ ба анҷом мерасонад ва оё шароите, ки ин муштариён бо Ҳоҷӣ Амон доштанд, риоя хоҳад шуд ваё чун дар чандин чунин моҷарои дигар боз ҳам дар ниҳоят мардум ду даст дар бинӣ хоҳанд монд?”

М. ЯҲЁ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *