Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Роҳи Душанбе-Хуҷанд баста шуд

Имрӯз, 22 январ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дар натиҷаи фаромадани тарма муваққатан қатъ гардид.

Далер Мерганов, котиби матбуотии филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон ба хабарнигори сомонаи Pressa.tj гуфт, ки айни замон кормандони ширкат ба тозакунии роҳ аз барфтӯдаҳо машғуланд.

“Субҳи имрӯз дар якчанд қитъаҳо тарма фаромада, дар дигар қитъаҳои роҳ хавфи тармафароӣ вуҷуд дорад. Муддати якчанд соат ҳаракати ҳама гуна навъи воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд. Корҳои бартараф кардани оқибатҳои тармафароӣ ва тозакунии роҳ аз барф идома доранд. Аз фаромадани тармаҳо касе осеб надидааст”, — зикр кард Мерганов.

Ба гуфтаи номбурда, ширкат ният дорад, ки ҳаракати воситаҳои нақлиётро тариқи ин роҳ нимаи дуюми рӯз барқарор кунад.

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки имрӯз, 22-юми январ дар ҷумҳурӣ ноустувории вазъи обу ҳаво боқӣ монда, дар бештари ноҳияҳо барф меборад. 22-23 январ дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма пешгӯӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои доманакӯҳ яхбандӣ ва пайдоиши қабати барф пешбинӣ шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.