Роҳандозии ду сомона дар шаш моҳ

— Аз ҷумлаи дастовардҳои назаррас ва мондагори раёсати донишкада дар шаш моҳи охир таҳия, танзим ва пахши ду сомонаи вижа — яке марбут ба факултети филологияи тоҷик (www.fft-ddzt.tj) ва дигар мутааллиқ ба маҷаллаи илмӣ-назариявии “Паёми Донишкадаи забонҳо” (www.payom.ddzt.tj) маҳсуб меёбад, — зикр кард ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тољикистон ба номи Сотим Улуғзода М. Раҷабзода дар нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 23-юми июл бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки дар донишкада 6 конференсияи илмӣ-амалӣ, аз ҷумла, 5 конференсияи донишкадавӣ, 11 мизи мудаввар ва 16 семинари илмӣ-методӣ ташкил ва баргузор гардид. Ҳамзамон, дар ин давра 3 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд.

— Яке аз муваффақиятҳои асосии донишкада дар самти иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ аз таъмири капиталӣ баровардани хобгоҳи донишкада ва бо таҷҳизоти наву замонавӣ таъмин гардидани он мебошад. Муваффақияти дигар дар ин самт таъсис ва муҷаҳазонидани толори конфронсӣ бо технологияи навин аст, — қайд шуд, дар нишасти матбуотӣ.

Дар идома рӯзноманигорон дар хусуси омода намудани тарҷумонҳои варзидаи касбӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, инчунин, дигар масоили илмӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ ба суолҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дар фарҷоми нишаст ректор ба намояндагони ВАО-и кишвар барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуда, зикр кард, ки саҳми рӯзноманигорон дар муаррифии донишкада назаррас аст ва мо низ нисбат ба аҳли қалам эҳтироми зиёд дорем.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *