Роҳбари ҳукумати Толибон муайян шуд

Мақомдорони Толибон*, ки ахиран қудрат дар Афғонистонро ғасб карданд, роҳбари ҳукумати нави кишварро эълон намуданд. Муаррифии расмии ҳукумати ҷадид интизор меравад, ки 3 сентябр баргузор шавад

Ҳукумати нави Афғонистонро Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари Толибон*, созмони террористии мамнӯъ дар Русия, идора хоҳад кард. Дар ин бора шабакаи Tolo News бо такя ба мақомдорони Толибон* хабар дод.

«Ӯ роҳбари ҳукумат хоҳад буд, дар ин ҷо ҳеч шакке набояд вуҷуд дошта бошад», — изҳор дошт роҳбари Комиссияи ин ҳаракат дар умури фарҳанг, Анамулло Самангонӣ.

Инчунин ба мақоми вазири умури хориҷии Афғонистон, Абдулғанӣ Бародар, вазири мудофиа, Мулло Яъқуб, писари роҳбари аввали Толибон* — Мулло Умар ва вазири умури дохилӣ Халифа Ҳаққонӣ таъйин шудаанд.

Интизор меравад, ки муаррифии расмии ҳукумати ҷадид рӯзи ҷумъаи 3 сентябр баргузор гардад.

Аз равиши таъинот чунин хулосагирӣ бар меояд, ки Толибон кушиш доранд, дигар халқияту миллатҳои ин сарзаминро нодида гиранд. Курсиҳои мансаб, дар ин ҳукумат тарзе бояд тақсим шаванд, ки дар он намояндагони тамоми ҷоамъияти мардуми Афғонистон мақоме дошта бошанд. Дар акси ҳол нобаробариҳои зиёде пешорӯи толибон қарор хоҳад гирифт .

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *