Зарафшон дар хурӯшу Айниву Мастчоҳ хамӯш…

Роҳи валангори Айниву Кӯҳистони Мастчоҳ барои роҳбарияти ноҳия ва ё мақомоти дахлдори таъмини роҳ манбаъи пулшуист ва ё ба қавли дигаре “кормушка”-и ин ниҳодҳо?!

Муқим Муродзода, раиси ноҳияи Айнӣ

Баҳси сари ош

Роҳи морпечи Айниву Кӯҳистони Мастчоҳ, ки барои сокинони ин ду ноҳия хизмат мерасонад, таи зиёда аз 60 сол аст, ки мавриди баҳсу мунозираҳо қарор дорад. Ин роҳи ноҳамвору пур аз ҷариву чуқриҳо, ҷони мусофирону ронандагон ва бошандагони ин ду минтақаро ба лаб овардааст. Ноҳамвориву хоку чанги ин роҳ масъалаест, ки аз хурд то бузург ин мавзеъро хуб медонанду сари дастурхони пур аз нозу неъмат ва гирди табоқи пур аз оши палов мавриди баҳсҳо қарор мегирад. Ва баҳси ишон низ то табақи ош тамом шудан давом мекунаду шуру шар барпо месозад. Чун ош тамом шуд, бо ҳамон дастшуйӣ он ҳам аз хотираҳо то табақи оши навбатӣ  шуста мешавад. Яъне чун шикам сер шуд, дигар ҳама дарду ранҷу азобу кулфат барҳам мехӯрад.

Хайрулло Бобозода, раиси Куҳистони Мастчоҳ

Дар тобистон обу дар зимистон хок

…Роҳ тамоми чор фасли сол боиси хавфу хатарҳои ҷонситон аст. Ёдам меояд, ки ҳанӯз замони Шӯравӣ яке аз раисони номдори колхози “Тоҷикистон”-и  ноҳияи Айнӣ  Барот Султонов он ҳама азобу кулфати мардумонро дида, гуфта буд “Э, гардам аз ин ғамхориҳои ДЭУ, ки дар тобистон роҳҳоро об мезанаду дар зимистон хок! Ин ғамхории онҳоро бояд бо ҳарфи заррин дар пештоқи даромади ноҳия сабт намуд. ” Дар фасли гармо чун замоне фаро мерасад, ки Зарафшон туғён мекунаду бо ҷӯшу хурӯш сар ба соҳилҳо зада роҳро хароб мекунад, дарду алами ин мардум сад чанд ба боло дав мегирад.  Борҳо дар ин бора дигарон дар матбуот навиштанд, сару садоҳо баланд карданд, арзу шикоятҳо бурданд, аммо мақомоти ин ду ноҳия хомӯширо авло медонанд. 

Мансабдорони бетараф

Маро як чиз ба хотир омад: замоне бо чанд тан аз дӯстонам барои боздид ба деҳа рафтам. Роҳи пур аз азобу машаққат, ҷару чуқуриҳо ки тайи чору ним соат ҳамагӣ 63 км роҳро тай намудем, гуфта буд, ки “ман дар ҳайратам, ки дар атрофи Сарвари давлат, дар тамоми вазорату муассисаҳои давлатӣ кадрҳои болаёқату кордони айнигиҳову мастчоҳиҳо фаъолият доранду наметавонанд мушкилоти роҳашонро мавриди баррасӣ қарор диҳанд? Онҳо аз чӣ ҳазар мекунанд? Наход мусоидат кардан баҳри ободонии диёр кори бад бошад? Магар онҳо наметавонанд, ки боре ҳам оид ба ин масъала ба Сарвари далат  гузорише диҳанд? Магар гуфтани дарди мардум, роҳи ҳалли онро ҷустану пайдо кардан гуноҳи азиме бошад ва ё тарси рафтан аз курсии мансаб?” Охир то ба кай ин ҳама азобу шиканҷа давом мекарда бошад?

Манфиатдор кист?

Маро чизи дигар сахт ба шигифт овардааст, ки ин мавзеъ барои роҳбарияти ноҳия ва ё мақомоти дахлдори таъмини роҳ  манбаъи пулшӯист ва ё ба қавли дигаре “кормушка”-и ин ниҳодҳо?! Агар чуинин нест, пас чаро дар мавсими зимистон, ки сатҳи оби дарё ба маротиб  кам мешаваду имконияти соҳилбандиву таъмири роҳу ҳатто тағйир додани маҷрои дарё имконият дорад, мақомоти ноҳиявиву мутахассион пайи ободии он намекӯшанд?  Ин муаммоест, ки то ҳол роҳи  ҳалли онро  меҷӯем. Шояд руисои ноҳияҳои номбурда  Муродзода Муқим ва Бобозода Хайрулло ба ин савол посух мегӯянд?

Тарс аз мансаб

Чанде пеш барои иштирок дар ҷанозаи як дӯст бо чанд тан ёру ошноҳо ба деҳаи Каздон равон шудем, бо дидани он ҳама азобу уқубатҳо ва чангу хоки роҳу фаромадани сангу рег роҳ мушкилгузару машаққатбор гардида буд. Болои ин, боз селҳои хӯрде ҷо- ҷо фаромада хафу хатарро даҳчанд карда буданд. Ин ҳама азобро дида, як тан аз  ҳамсафаронамон гуфт, ки “магар дар дузах азоб аз ин ҳам зиёд мешавад? Чаро ғами ин мардумро касе намехӯрад? Чаро ин масъаларо гӯшзади боло намекунанд? Магар сокинони ин ноҳияҳо ҳуқуқи маънавии зистро надоранд??” Ҳову казоҳои дигар.

Дар ҳар ду ноҳия ҳам вохӯрии Сарвари давлат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони маҳал доир гардид. Президент аз онҳо пурсид, ки чӣ камбуду мушкилиҳо доранд, аммо касеро ҷуръат ба он нарасид, ки оид ба сохтмони роҳи Айнию Кӯҳистони Мастчоҳ даҳон боз кунад. Ба қавли Носири Хусрав ишон “аз тарс ҷуғидан” натавонистанд. Зеро курсии мансаб, вазифа ва мақоми ишғол кардаашон ширинӣ кард.

Пас аз он қарор додам, ки дар ин бора аз дарду алами мардум нависаму диққати масъулинро ба он ҷалб намоям, то бори дигар ҳис намоянд, ки онҳо хизматгори халқанд ва ин масъулияти онҳост, то марҳаме ба дарди мардумон гарданд.

Мухтори САЙИДБУРҲОН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *