Роҳи Душанбе ба уқёнус боз мешавад

Долони иқтисодии ағбаи Хайбар лоиҳаи инфрасохторӣ мебошад, ки ба тавсеаи робитаҳои иқтисодии Покистон бо Афғонистон ва ба ин васила Осиёи Марказӣ тавассути ағбаи Хайбар равона шудааст. Лоиҳа барои сохтмон дар моҳи декабри соли 2019 аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ ба маблағи 482,75 миллион доллари ИМА тасдиқ карда шуд. Мӯҳлати қарз 30 сол, фоизи он 1,25 фоиз ва давраи имтиёзноки панҷсола мебошад.

Лоиҳа бахше аз долонҳои 5 ва 6 Барномаи ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ мебошад, ки ҳадафи он кӯтоҳтарин роҳи тиҷорат байни Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва баҳри стратегии Араб ба ҷануб мебошад. Зеро ба истиснои Покистон, се кишвари дигар ба баҳр роҳ надоранд. Дар ҳоле ки долони 6 барои пайвастани минтақа бо Аврупо, Ховари Миёна ва Русия пешбинӣ шудааст. Бинобар ин долон дастрасӣ ба бозорҳои Осиёи Марказӣ ва баръакс дастрасии Осиёи Марказӣ ба бандарҳои баҳриро фароҳам меорад.

Кишварҳои узв як қатор лоиҳаҳои нақшаи роҳсозиро доранд, ки дар ниҳоят Душанберо тавассути шаҳрҳои бандарии шаҳри Қарочӣ ва Гавадар тавассути роҳи автомобилгарди Пешовар-Кобул-Душанбе мепайванданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *