Роҳи хароби Харангон: Муроҷиат кардем, ба додамон нарасиданд

Роҳи дараи Харангон (қад-қади дарёи Харангон) 10,9 км буда, ба воситаи он ширкатҳои «Тоҷикистон», «Воҳидиён», «Фароз» ва ғайра аз конҳои ин ҷо ба воситаи нақлиёти вазнини боркаш ба корхонаҳои сементбарориашон сангу маъдан мекашонанд.

Ин роҳро солҳои 1975-1980 асри гузашта корхонаи роҳсозии ноҳияи Варзоб асфалтпӯш карда буд. Аз он вақт то имрӯз ягон маротиба таъмирро надидааст. Тайи чанд соли охир дар натиҷаи равуои мошинҳои гаронвазн — дуланҳои корхонаҳои фавқуззикр корношоям гардидааст. Дар ду тарафи роњи мазкур деҳаҳо бӯстонсаро, осоишгоҳ, истироҳатгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнат, лагерҳои бачагона, мағозаҳои хӯрокворӣ, мактабҳо ҷойгиранд. Чангу ғубори роҳ, ки дар фасли тобистону тирамоҳ аз зери чархи дуланҳо бармехезад, ба болои дарахтони мевадор, бому ҳавлиҳо мерезад. Инчунин, ба ҳуҷраҳои мағозаю мактабҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳо дохил гардида, ҳама ҷой ва ашёҳоро ифлос мегардонад.  Обҳои дар фасли зимистон ва баҳорон аз ду тарафи роҳ ҷоришаванда ба ҷӯйҳо ва рӯди Харангон рехта, онро ифлос гардонида, боиси хурӯҷи бемориҳои сироятии зардпарвин, домонаю рӯда, меъда, роҳи нафас мегардад…

Асосгузои сулҳу ваҳдати миллї Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон солҳои 2018-2021-ро “Солҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ сайёҳӣ”, эълон карда буданд.  Аз ин рӯ, таъмиру сохтмони роҳҳои рустоҳо ва таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳукуматҳо, соҳибкорон, ширкатҳо буда, дар ин кор на ваъдабозӣ, балки амалҳои воқеӣ зарур аст.

Мо, сокинони дараи Харангон, дар бораи ҳолати роҳ ва ҷӯю дарёи Харангон ба воситаи васоити ахбори омма борҳо изҳори андеша карда, ба чандин мақомот муроҷиат кардем, аммо мутаассифона, то кунун ширкатҳо, соҳибкорон, дастгоҳи идораҳои ҳукуматӣ муҳри хомӯшӣ бар лаб ниҳодаанд ва ин баёнгари ба тақдири зиёда аз 15  ҳазор нафар аҳолии водӣ бепарво будани онҳо аст.

Мо аз Ҳукумати ҷумҳурӣ хоҳиш мекунем, ки ҳар чӣ зудтар ба нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бозсозии роҳи мошингарди дараи Харангон (ин мавзеъ низ яке аз ҷойҳои сайёҳии ноҳияи Варзоб маҳсуб меёбад) ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ба воситаи қубурҳои обгузар аз саргаҳи дарё –деҳаи Дара ба деҳаҳои дар поёноббуда дохил карда шавад.

Сокинони деҳаҳои Дара, Харангони  боло, Бувак, Харангони миёна, Бакавул, Шейхаки ноҳияи Варзоб ва Сабзазор, Деҳнаваки ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *