Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Роҳзанӣ кордзан дар Оббурдон

  Ба ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ марди 25-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, муроҷиат намуд, ки шахси номаълум дар назди заводи консервабарорӣ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи мазкур бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр  бо корди дар дасташ буда, ба дасти чапаш зада, 230-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

   Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.