Робитаи Тоҷикистону Эрон барқарор мешавад

Маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангии муштараки Тоҷикистон ва Эрон барои соли 2020 зимни мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ 13 апрел дар шаҳри Душанбе тарҳрезӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳа.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг хабар медиҳад, ҷонибҳо инчунин оид ба рушди муносибатҳои фарҳангии ду мамлакат мубодилаи афкор намуданд.

Зикр шуд, ки муносибатҳои фарҳангӣ ба рушди робитаҳои мухталиф таҳрик мебахшанд ва вусъат додани онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти дахлдори ду мамлакат мебошад.

Мусоҳибон оид ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон, намоиши муштараки дастовардҳои илмиву фарҳангии ду давлат, маҳфилҳо оид ба бузургдошти чеҳраҳои шинохтаи адабиёти тоҷику форс, табодули таҷриба дар соҳаи санъату ҳунар ва нашри китоб изҳори андеша намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *