Роналдо аз имтиҳони мунтахаби Фаронса мегузашта бошад?

Шоми 7 июл дар варзишгоҳи «Велодром»-и шаҳри Марсел вохӯрии дуюми финали чемпионати Аврупо-2016 байни мунтахабҳои Фаронса ва Германия баргузор шуд. Маҳорати ҷолиби ҳарифони деринро миллионҳо мухлисони футбол дар ҷаҳон тамошо карда, ғолибияти ин ё он дастаро пешгӯйӣ карданд. Аксар бар он ақида буданд, ки мунтахаби Германия – чемпиони Евро-2012 ҳатман ба даври ниҳоӣ (финалии) Евро-2016 роҳ меёбад.

Ҷараёни муҳориба дар қисми аввали бозӣ ҷонибдорони ин пешгӯйиро дилпуртар кард. Зеро футболбозони немис дар ин қисм комбинатсияҳои ҷолиби тӯбронӣ намоиш дода, чанд лаҳзаи хуби голзаниро ба вуҷуд оварданд. Аммо дарвозабони соҳибони майдон онҳоро чусту чолокона рафъ карда тавонист.

Агар гӯем, ки голи аввалини франсавиҳо ба тақдири бозӣ таъсир расонда, ба рӯҳияи олмониҳо таъсири манфӣ расонд, хато намекунем. Ин лаҳзаи хотирмон чунин рух дод: дар интиҳои қиси якум футболбози олмониҳо Бастиан Швайнштайгер ҳангоми талош дар майдончаи ҷаримавиашон тӯбро бо дасташ  бозид. Довар филфавр ҷаримаи 11-метра таъин намуд, ки онро ҳамлагари номӣ Антуан Гризманн бехато ба тӯри дарвозаи ҳариф расонд. Дар дақиқаи 72-юм Гризманн – нишонзани беҳтарини чемпионати Аврупо-2016, тӯби дуюмро ба ҳадаф расонда, пирӯзии дастаи миллиашонро бо ҳисоби 2:0 таъмин кард. Ин голи 6-уми вай ба ҳисоб меравад.

Бад-ин минвол, зердастони сармураббии Фаронса  Дидйе Дешама ба марҳилаи финалии ҳалкунандаи Евро-2016 баромада, 10-уми июл дар варзишгоҳи «Стад де Франс» бо мунтахаби Португалия тақдири унвони чемпиони Аврупоро дар соли 2016 ҳал мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *